Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситонии кулли Русия ҳама конҳоро тафтиш мекунад


Баъд аз фоҷиа дар кони ангишти “Распадская”, воқеъ дар вилояти Кемерово, Додситонии кулли Русия дар бораи тафтиши шароити амниятии ҳама конҳои кишвар тасмим гирифт. Ба гуфтаи намояндаи Додситонии кулл Марина Гриднева, ба додситонҳои 16 минтақае, ки дар онҳо конҳои ангишт ҷойгиранд, амри тафтиши ин конҳо содир шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар ҷойи ҳодиса – дар кони ангишти “Распадская” сарнавишти 24 ангишткан то ҳанӯз маълум нест. Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия хабар дод, ки бар асари идомаи сӯхтор корҳои наҷотбахшӣ фақат баъд аз як ҳафта аз сар гирифта мешавад.
Рӯзи 9 май бар асари ду инфиҷор дар кони “Распадская” 66 нафар ба ҳалокат расиданд. Имрӯз дар шаҳри Междуреченск маросими дафни қурбониён идома меёбад.
XS
SM
MD
LG