Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи бархурдҳо дар шаҳри Ҷалолобод


Бар асари бархурди ҷонибдорон ва мухолифони ҳукумати муваққати Қирғизистон дар шаҳри Ҷалолобод, воқеъ дар ҷануби кишвар, дасти кам 30 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Дар ин бора ахиран вазорати ҳифзи сиҳати Қирғизистон иттилоъ дод. Ба навиштаи хабаргузориҳо, тақрибан 300 тан аз ҷонибдорони раиси ҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиев бинои ҳукумати вилояти Ҷалолободро ишғол карданд. Субҳ дар канори бино задухӯрд ба вуқӯъ пайваст ва садои тирпарронӣ ба гӯш расид.
Дар Ӯш, дигар шаҳри ҷануби Қирғизистон, намоишгарон бинои қаблан ишғолкардаи ҳукумати вилоятро тарк намуданд. Додситонии Қирғизистон дар бораи боздошти созмондиҳандагони намоишҳои пуштибонӣ аз Қурмонбек Боқиев, ки дирӯз баргузор гардид, амр содир кард. Ба иттилоъи хабаргузории “Интерфакс”, аллакай Усен Сиддиқов, раҳбари ҳизби “Қирғизистони нав”, боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG