Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

- Уф-ф, мана, наконес,- тфу,- оқибат гуфтанӣ будам,- мо ҳам ба қатори одам даромадем. Акнун маро ҳам УФ мегўянд. Росташро гўям, гап дар ҳамин дарунҳо будаасту, мани гаранг роҳи Россияро охурча карда гаштаам. Қариб номамро фаромуш карда будам: дар Тоҷикистон -россиян, дар Россия - бомж, дар роҳи оҳани байни ҳардуяш алкоголик... Ана ёбу гиру кобу гард!

Ҳозир бошад, тамоман гапи дигар: «Аз ФалонУФу БисмадонУФ илтимос дорем, ки марҳамат карда ба хонаи мо марҳамат намоянд, чунки бе маслиҳати ин УФ-ҳо кори мо пеш намеравад. Маъракаамонро гузаронида наметавонем»...

Ҳамон ФалонУФ, ин яъне ман. Чунки ман УФ! УФ-и оид ба танзим. Гап байни худамон, ман ба маънои ҳамин калимаи «Танзим» ҳам чандон сарфаҳм намеравам... Лекин корам чи? Маоши муайян надошта бошад ҳам, лекин даромадаш нағз. Мағзу- чағзу як буз (бойтараш гўсфанд) қариб ба расмият даромадааст.Мо дар «танзимамон» як ду маошхўр ҳам дорем. Лекин онҳо дар ноҳия курсинишинанд. Раисонамон.

Чун раисони маошхурамон аз ноҳия ба мардаки тўйдор «испаравка» доданд, ки: «вай, яъне тўйдор, ҳақ дорад, дар ҳавлии худаш, бо пулу амволи бо арақи ҷабину обилаи даст ёфтаи худаш, бо шумораи меҳмонони аз тарафи ҳукумат муайяншуда (Баъд мо УФ-ҳо он меҳмонҳоро чун гўсфанд донаҳисоб мекунем) тўй гузаронад», дар қишлоқ дарҳол мо УФ-ҳо ба кор шуруъ мекунем. Даставвал ҳуҷҷат - испаравкаро дар зери микроскоп таҳқиқ карда, хатогиҳои онро меҷўем. (Ҳарчанд барои ҳуҷҷати бо дасти раиси маошхури мо навишташуда микроскоп ҳам лозим нест). Фалон нуқта дар ҷояш наомадааст ва чаро калимаи «Тўй» дар нохунак гирифта нашудааст... Чаро нохунак? Чунки тўйҳои ҳозира танҳо дар нохунак тўянд. Дар асл он чорабинии ҳукуматист, ки дар ҳавлии шахси алоҳида бо ёфтаю тофтаи ҳамон шахс мегузарад.

Итак, (яъне инак гуфтани будам), мо саҳву хатоҳоро ба назар гирифта ба тўйдор мефармоем, ки ё ҳарчи зудтар ба ноҳия рафта (то ноҳия 40км. роҳ. Нақлиёт: асп, хар ё ду пои тўйдор), испаравкаи бехато гирифта меояд, ё-о… ва даст ба киссаҳоямон мебарем. Вай дарҳол « Ё»-и дуюмро иҷро мекунад. Мо пулро ба киса зада рўзи маслиҳати хапакиро муайян мекунем:- «бе овозаю дарвоза, як рўз пеш аз тўй»…

Инак, ман, дина бомжи россиян, як алкогол… (тавба кардам), имрўз дар сари чойники чойи алаказой, раҳматии буз ва мағзу чағз нишаста ба мўйсафеде, ки даҳ духтару дувоздаҳ писарашро хонадор кардааст, так сказать, яъне… маслиҳат медиҳам. Маслиҳат медиҳам, ки вай бояд
чанд косаи чинӣ биринҷро ба дег андозад ва биринҷ ҳам бояд чинӣ, яъне хитоӣ бошад, зеро он аз биринҷи Регар арзонтар аст.Чанд шиша арр... равған харад ва меҳмононаш киҳо ва чанд нафар бошанд…

Мўйсафеди мизбон ба зорӣ медарояд, ки фақат шумораи набераю абера ва қудоҳояш аз рақами номбаркардаи мо УФ-ҳо зиёдтаранду вай бошад дар вақташ зону зада нону намаки аҳли деҳаро хўрдааст ва бояд акнун ҷавоби онро баргардонад. Дар ин ҷо фазаи дуюми даромад ба кор медарояд. Мо боз даст ба киссаҳоямон мебарем ва яраша... яъне ба шумораи пули додаи тўйдор нигоҳ карда қарор қабул мекунем: ба шумораи меҳмонон ва килои биринҷ як чашмамонро маҳкам кунем ё хардуяшро қоқ пўшем…

Ана бародарон гапу кор ҳамин. Ман акнун дар ҳама ҷой бо ифтихор ва сари баланд гуфта метавонам, ки ҳукумати ноҳияамон як шаҳрвандашро аз Россия бозпас хонда бо кор таъмин намудааст.

Ҷон хонаи мардум, ҳузури ҷон хонаи мардум,
На ғами чой бихурем, на гандуму на ҳезум.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG