Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумораи ҷароҳат бардоштагони задухӯрди миёни тарафдорони ҳукумати муваққатӣ ва президенти барканоршуда дар шаҳри Ҷалолобод ба 28 нафар расидааст.

Дар ин маврид сарпизишки бемористони вилояти Ҷалолобод Абду Шамшиев иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, панҷ нафари онҳо барои анҷоми амали ҷарроҳӣ омода карда шуданд. Гуфта мешавад, ки ин афрод ҳам аз тири силоҳ ва ҳами аз зарби сангу калтак ба бемористон афтодаанд.

Дар вилояти Ботканд тарафдорони ҳизби «Ақ Жол» бо раиси нави ҳукумати вилоят Султон Оййигитов, ки ҳукумати муваққатӣ таъйин кардааст, вориди гуфтушунид шудаанд.

Як гурӯҳи панҷоҳнафара тақозо доранд, ки Асомиддин Тошев раиси ҳукумати вилояти Ботканд тайъин шавад.


Ӯш ба дасти ҳукумати муваққат баргашт


Исмоил Исоқов, вазири дифои ҳукумати муваққати Қирғизистон муваффақ шуд, ки тарафдорони Боқиевро мутақоид кунад, то бинои ҳукумати вилояти Ӯшро тарк намоянд.

Ба ин тартиб, ҳукумати вилояти Ӯши Қирғизистон дубора ба дасти ҳукумати муваққатӣ гузашт ва Сооронбой Ҷиянбеков, раиси ҳукумати вилояти Ӯш, ки дирӯз бар асари фишори тарафдорони Боқиев бинои ҳукуматро дар ихтиёри онҳо гузошт, дубора ба утоқи кори худ ҳозир шуд.

Эрнест Толтоев, сухангӯи ҳукумати вилояти Ӯш ба Озодӣ гуфт, дар ҳамин ҳол дар майдони назди ҳукумати вилояти Ӯш садҳо тарафдорони ҳукумати муваққатӣ барои баргузории гирдиҳамоӣ ҷамъ омаданд.

Ӯ афзуд, ки аз навоҳии атрофи вилояти Ӯш низ мардуми зиёд ба хотири дастгирии ҳукумати муваққатӣ ва ширкат дар ин гирдиҳамоӣ меоянд.

Авзои Ҷалолобод

Аммо ҳамзамон дар майдони марказии шаҳри Ҷалолобод садҳо нафар ба тарафдории президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиев як гирдиҳамоии густарда таъсис додаанд. Онҳо талаб доранд, собиқ раҳбарони идораҳои ҳукумати вилоят ба мақомашон бозгардонида шаванд.

Ба гуфтаи иштирокчиёни ин гирдиҳамоӣ Бектур Асанов бояд курсии раиси ҳукумати вилояти Ҷалолободро ба Қошбой Масиров таслим кунад.

Дар майдон миёни тарафдорони Боқиев ва аъзои ҳизби «Ота Мекен» даргирӣ ба вуқӯъ пайваст. Аввал онҳо бо сангандозиҳо ин даргириро шурӯъ карданд, пас садои тарпаронӣ фазои майдони Ҷалолободро халалдор кард. Гуфта мешавад, ки мошини «Ёрии таъҷилӣ» се нафарро аз ҷои ҳодиса ба шифохона интиқол дод.

Кормандони умури интизомӣ дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолобод фақат раванди ҳодисаҳоро назорат мекунанд ва дар пароканда кардани мардуми гирдомада мудохила наменамоянд.

"Сӯҳбати телефоние, ки телевизонӣ шуд"

Шабакаи аввали телевизиони Қирғизистон гуфтугӯи телефонии Усен Сиддиқов, собиқ раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳуриро пахш кард. Дар он Усен Сиддиқов раиси ҳукумати вилояти Ҷалолобод Бектур Асанов, раиси ҳизби коммунистҳои Қирғизистон Исҳоқ Масалиев, собиқ шаҳрдори Бишкек Наримон Тулеев ва чанд тан аз раҳбарони собиқи ҳукумати Боқиевро ба ишғоли ҳукумати муваққатӣ даъват кардааст.

Исҳоқ Масалиев гуфт, ки ин гуфтугӯи телефонӣ як амали тахрибкорона алайҳи ӯст. Вай гуфт, барои хабарнигорон нишасти хабарӣ баргузор ва асли воқеаро баён хоҳад кард.

Аммо ба гуфтаи Омурбек Текебоев, ноиби раиси ҳукумати муваққат дар муқобили Усен Сиддиқов ва чанд тани дигар додситонии кишвараш парвандаҳои ҷиноӣ боз кардааст.

Оқои Текебоев аз тариқи шабакаи аввали телевизиони кишвараш мардумро даъват кард, ки ба амалҳои тахрибкоронаи тарафдорони президенти барканоршуда бовар накунанд. Вай гуфт, ки вазъият дар саросари Қирғизистон ором аст. Ба гуфтаи Омурбек Текебоевҳизби «Ота Мекен», ки вай раҳбарӣ мекунад, аз вазъият дар кишвараш нигарон аст. Вай афзуд, вале ҳукумати муваққатӣ нахоҳад гузошт, ки субот ба ташаннуҷ рӯбарӯ шавад.

Аммо ба гуфтаи Ҷанара Молдоқулова, узви кумитаи дифоъ аз президенти собиқ Боқиев дар гирдиҳамоии вилояти Ҷалолобод иштироки беш аз даҳ ҳазор нафар мадди назар аст.

Ӯ мегӯяд, Қурмонбек Боқиев президенти қонунии кишвараш аст ва онҳо талош ба харҷ хоҳанд дод, ки президенти собиқ дубора ба мақомаш барқарор шавад.
XS
SM
MD
LG