Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷирон мегӯянд, пулакӣ шудани роҳи Хуҷанд - Истаравшан ба болоравии қимати молу коло дар бозорҳои вилояти Суғд ва ҳамчунин шаҳри Душанбе мусоидат хоҳад кард.

Дар шаҳри Истаравшан яке аз бузургтарин бозорҳои умдафурӯшии Тоҷикистон ҷойгир аст ва қисмате аз бозаргонҳои кишвар аз он харид мекунанд. Мушоҳидаҳо то кунун собит кардааст, ки пасту боло шдани арзиши молу коло дар бозори умдафурӯшии Истаравшан ба нарх дар бозорҳои дохилии Суғд ва ҳатто шаҳри Душанбе ҳамеша таъсиргузор будааст.

Ҳамакнун бархе аз тоҷирон ба Озодӣ гуфтанд, ки пулакӣ шудани ин роҳ ва ба тасири он баланд рафтани раҳкирото андозае боло рафтани арзиши маҳсулот дар бозорҳои чаканафурӯширо дар пай хоҳад дошт.

Ҳамчунин роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Истаравшан – Душанбе ягона ҷодаест, ки вилояти Суғдро мустақиман бо пойтахти кишвар мепайвандад.

Роҳи оҳани Хуҷанд – Душанбе аз Узбакистон мегузарад ва гаронии нарх (72 сомонӣ - платскарт, 108 сомонӣ - купе), мӯҳлати дарози якшабонарӯзии сафар, боздошти қатора ва тафтишҳои пайопайи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гумрукиён ва марзбонони Узбакистон мусофиронро аз сафар бо қатора ба Душанбе дилсард кардааст.

Сокинони Суғд масофаи байни Хуҷанду Душанберо бо роҳи автомобилгард дар як рӯз бо сарфи тақрибан 100 сомонӣ тай мекарданд ва аз нигоҳи зуд расидан ба манзил бештари мусофирон ин ҷодаро интихоб мекарданд.

Аммо акнун таксиронҳо ва нафароне, ки аз Хуҷанд роҳ сӯи Душанбе гуфтанд, ки , ситонидани ҳаққи раҳ, он ҳам ба андозаи хеле баланд дар кишвари нодоре дуруст нест ва роҳи ягонаи сафари пойтахтро бар рӯи сокинони нодор баста хоҳад кард.

Роҳи Хуҷанд – Истаравшан пулакӣ шуд

Имрӯз дар роҳи Хуҷанд - Истаравшан гузаргоҳи пулчинӣ ифтитоҳ шуд. Масъулини ширкати "Innovative Road Solutions" (IRS) зимни кушодани ин посгоҳи ҷамъоварии маблағ дар шаҳри Истаравшан гуфтанд, ки сар аз рӯзи 20 -уми май ин ҷода пулакӣ хоҳад шуд.

Мувофиқи таруфаҳои муқарраркардаи ин ширкат, барои 70 киламетр роҳи барои автомобилҳо ва мошинҳои дорои вазни то 2 тон - 21 сомонӣ, аз 2 то 7 тон – 42 сомонӣ, аз 7 то 14 тон – 105 сомонӣ ва беш аз 14 тон -131 сомонӣ ситонида хоҳад шуд.

Ширкати IRS мегӯяд, роҳи Душанбе – Мастчоҳ зина ба зина, тадриҷан пулакӣ хоҳад шуд. Баъд аз ин ифтитоҳи боз як бунгоҳи ҷамъоварии маблағ дар сари роҳи Хуҷанд – Мастчоҳ дар назар гирифта шудааст.

Масъулини ин ширкат гуфтанд, ки то рӯзи 20 – уми май таруфаҳо барои сокинони маҳаллии канори ин ҷодаҳоро муайян хоҳанд кард ва эҳтимол, камтар аз таруфаҳои муқаррарӣ бошад.

Хабарнигори Озодӣ дар Хуҷанд мегӯяд, мақомоти ин ширкат бо сокинони атрофи ин роҳ қабл аз ин мулоқотҳо доир намуда ва талош кардаанд, то мардумро аз иқдоми худ огоҳ созанд, то ба мухолифати онҳо рӯбарӯ нашаванд..

Гуфта мешавад, сокинони ин маҳал бо вуҷуди ташвиқот ва итминон додани мақомоти маҳаллӣ низ, зимни мулоқот бо масъулини ширкати Инновейтив Роуд Солюшнз ҳамчунон норизоятии худ аз пулкӣ шудани роҳи мазкурро иброз доштаанд.

Қаблан қисмате аз ҷодаи Душанбе - Чаноқ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб пулакӣ шуда буд.

Гузориши муфассали хабарнигори Озодӣ аз ин маросим ва вокуниши сокинони маҳал дертар нашр хоҳад шуд.

Аммо...

Ин дар ҳолест, ки Оҷонси зиддиинҳисории Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз ширкати мазкур хостори ҳисоботи молӣ дар бораи фаъолияташ шуда, ва ҳамчунин аз ҳукумат хостааст, то барои баррасии қазияи пешомада дар ин масири пулакӣ комиссияи вижае таъсис кунад ва то хулосаи ин комиссия дар ин масир маблағе ситонида нашавад.

Амонулло Ашӯр, раиси Оҷонси зиддимонополии Тоҷикистон, ширкати IRS-ро дар нақзи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳам карда буд ва боз ҳам мегӯяд, ширкати мазкур тибқи қонун ширкати мазкур дар бозори роҳи Тоҷикистон монополист ҳисоб мешавад, вале аз риояи қарордори консессионии имзокардааш бо давлат даст кашида, ба қонуншиканӣ роҳ додааст.

Акнун, мақомоти ин ниҳод мегӯянд, агар ширкат дар муддати таъиншуда тақозои Оҷонси зиддиинҳисориро иҷро накунанд, алайҳи он парванда боз хоҳанд кард.

IRS дар паноҳи кист?

Бархе аз коршиносон сарпечиҳои ин ширкат дар иҷрои қонунҳои Тоҷикистон бо вуҷуди тақозои Оҷонси зиддиинҳисориро ба путибонии мақомоти баландпояи давлатӣ аз ин ширкат робита медиҳанд. Шодӣ Шабдолов, намояндаи мардум дар порлумон, мегӯяд, шояд ба ҳамин далел буд, ки мавзӯъи пулакӣ кардани роҳи Душанбе-Чаноқ дар иҷлосияи паси дарҳои бастаи порлумони қаблӣ баргузор шуд ва қарордои консессионӣ миёни давлат ва ширкати мазкур ба ҳамин шева имзо шуда буд.

Ба гуфтаи бархе аз намояндагони мардум дар порлумон, ки мухолифи пулакӣ кардани роҳ буданд, ҳама раҳбарон медонанд, ки раҳбару муассиси ин ширкат кист. Вале ҳеҷ кас ҷуръат намекунад, то дар ин бора ҳарф бизанад.

Ба гуфтаи бархе аз намояндагони порлумон, ин ширкат инглисӣ набуда, балки муассисаи мутааллиқ ба шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Ширкатҳои мутааллиқ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшор, ба мисли ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё кам нест.

Дар натиҷаи аудити фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ду соли пеш, ки аз сӯи ширкати бритониёии Эрнст энд Янг баргузор шуд, дар бораи ин ширкатҳои мутааллиқ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшор, ки ба Талко ва ширкатҳои дигари тоҷикӣ рабт доштанд, иттилоъ вуҷуд дорад. Аз ин ширкатҳои тоҷикии минтақаи оффшор дар моҷарои додгоҳии давлати Тоҷикистон бо ширкати Ансол ва раиси он Аваз Назаров ёдоварӣ шудааст.

Ширкати IRS низ соли гузашта дар ҳамин минтақаи оффшор номнавис ва вориди Тоҷикистон шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG