Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эстония дар минтақаи Евро


Комиссияи аврупоӣ мегӯяд, собиқ Ҷумҳурии Шӯравии Эстония барои вуруд ба минтақаи евро омодааст ва эҳтимол сар аз якуми январи соли 2011-ум евро ба гардиш дар ин кишвар оғоз намояд.

Олӣ Рен комиссари умури пулии Иттиҳодияи Аврупо изҳор намуд, ки сарфи назар аз бӯҳрони саросарии иқтисодӣ, нишондиҳандаҳои иқтисодии Эстония ба меъёрҳои усулии аврупоӣ мутобиқат кардаанд.

Тасмими ниҳоӣ дар мавриди қабули Эстония ба минтақаи гардиши евро моҳи июл дар нишасти вазирони молияи кишварҳои узви ин созмон эълон хоҳад шуд.

Вале шореҳон бар ин назаранд, ки эъломияи мансабдорони Иттиҳодияи Аврупо шаҳодати комёбии Эстония мебошад.

Эстония авввалин ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ мебошад, ки ба меъёрҳои узвият дар минтақаи гардиши евро мутобиқ аст. Соли 1992 ин кишвар пули миллиашро ба марки Олмон ва дар соли 2001-ум ба евро пайванд дод.

Рӯзи 12-уми май Оли Рен- Комиссари умури пулии Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брусел гуфт: "Эстония ба мизони баланди ҳамгироӣ муваффақ шуда, омодааст сар аз куми январи соли 2011-ум ба минтақаи гардиши евро шомил шавад".

Ба ҳар ҳол, қарори ниҳоии қабули Эстония ба минтақаи евро дар нишасти вазирони молияи 16 кишвари минтақаи евро дар моҳи июли соли равон эълон хоҳад шуд.

"Вуруди Эстония минтақаи евро бар зиёни аъзои дигар нест"

Ба қавли мансабдорони аврупоӣ тамоми нишондиҳандаҳои касри буҷҷет, таваррум, қарзи ҳукумат ва ғайра - ҳама мутобиқ ба меъёрҳоие мебошанд, ки паймони Маастрихт муқаррар кардааст.

Сарфи назар аз бӯҳрони саросарӣ, Эстония тавонистааст, 7% рушди тавлиди нохолиси миллиашро ҳифз намояд. Аз ин рӯ, мансабдорони аврупоӣ бовар доранд, ки аз вуруди Эстония ба минтақаи евро на худи Эстония ва на 16 кишвари узви ба истилоҳ, "еврозона" зиёне нахоҳанд дид.

Бо эълони тасмим дар мавриди Эстония Комиссияи Аврупоӣ-ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо, мехоҳад нишон диҳад, ки вазъ дар минтақаи евро ором асту кор ба таври маъмулӣ идома дорад.

Ҳамчунон ҷои ёдоварист, ки моҳи равон кишварҳои аврупоӣ барои бартараф намудани мушкили қарзи кишварҳои ҷанубии минтақаи евро 750 миллиард еҳро тахсис доданд.

Дар нишасти матбуотии 12 май раиси Комиссияи Аврупоӣ Жозе Мануэл Барозу таъкид кард, ки то кунун ягон кишвар нагуфтааст, ки аз минтақаи евро берун мешавад, баръакс кишварҳо баҳри вуруд ба Иттиҳоди пулии 16 кишвар талош доранд.

Аҳамияти Евро барои Эстония

Феълан ду кишвари собиқ коммунистӣ, Словения ва Словакия узви минтақаи евро мебошанд.

Эстония вуруд ба минтақаи евроро гарави амният ва пешрафти иқтисодӣ арзёбӣ мекунад. Ин кишвар, ки бо Русия ҳамсарҳад аст, ҳамоиши ҳаддалимкон наздиктар бо ниҳодҳои аврупоиро масъалаи ҳаётан муҳим мешуморад.

Ин кишвари Шӯравии пешин бовар дорад, ки баъди пушти сар шудани бӯҳрони кунунӣ ва ташкили сохторҳои нави аврупоӣ Эстония аз умури аврупоӣ барканор нахоҳад монд.
XS
SM
MD
LG