Пайвандҳои дастрасӣ

Сироҷиддин Аслов, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ имрӯз дархости Тоҷикистон барои расонидани кӯмак ба офатзадагони ҳодисаҳои табиии ахирро ба СММ тақдим хоҳад кард. Маблағи умумии зарар ҳудуди 600 млн. доллари ИМА арзёбӣ шудааст..

Ӯ дар як сӯҳбати ихтисосӣ ба Озодӣ гуфт: “Имрӯз Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ бо номаи расмӣ ба СММ барои расонидани кӯмак дар бартараф намудани паёмадҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон муроҷиат хоҳад кард.”

Намояндаи Тоҷикистон дар СММ гуфт, ки сарфи назар аз кӯшишу тадбирҳои андешида, бино бар маҳдуд будани захираҳо, Тоҷикистон танҳо бо қувваҳои худ наметавонад паёмадҳои офати табииро бартараф кунад ва ба ҳамин хотир ба СММ ва кишварҳои хориҷӣ барои дарёфти кӯмак дар рафъи ин паёмадҳо муроҷиат кардааст.

Бино ба маълумоти ҷаноби Аслов, дар маҷмӯъ дар натиҷаи офатҳои табиӣ аз аввали сол дар Тоҷикистон 40 нафар ҳалок ва беш аз 300 каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Ба иқтисоди кишвар зарари сангин расидааст, аз ҷумла 683 манзили зист пурра тахриб шуда, 4104 манзили дигари маскунӣ сахт осеб диддааст.

Тибқи оморӣ намояндагии Тоҷикистон дар СММ дар натиҷаи ин офатҳо 78 мактабу муассисаи томактабӣ, 19 муассисаи тиббӣ, 424 киллометр роҳҳои мошингард, 130 пул, 130 киллометр хати интиқоли барқ, 64 киллометр хати алоқа, 221 киллометр иншооти обёрӣ, 48 киллометр қубурҳо ва шабакаҳои партови об зарар дид.

Ҷаноби Аслов инчунин афзуд, маблағи умумии зарари расонидашуда, бино бар арзёбии муқаддамотӣ, аз 600 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.

Ҷаноби Аслов афзуд, ба аҳолии зарардида аз тариқи ҳукумат, кишварҳои хориҷӣ, инчунин Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ дар шакли маводди асосии хӯрока, либос, хайма, васоили беҳдошт, маводди сӯзишворӣ ва ғайра кӯмак расонида мешавад.

Ба мақсади паноҳгоҳ додан ба аҳолии зарардида, расонидани хадамоти тиббӣ ва таъмин намудан бо хӯроки гарм дар Кӯлоб шаҳраки муваққатӣ аз хайма таъсис дода шудааст.

Ҷаноби Аслов гуфт, тахриб шудани роҳҳои мошингард, имкони кӯмакрасониро ба минтақаҳои осебзада боз ҳам мушкилтар мекунад.

Ин бори нахустин нест, ки Тоҷикистон барои бартараф кардани паёмадҳои офатҳои табии аз СММ ва ҷомеъаи байналмилалӣ ёрӣ дархост мекунад.

Соли 2008 низ Тоҷикистон аз СММ барои рафъи паёмадҳои зимистони қаҳратун 27 миллион доллар кӯмак хоста буд.

Тафсилоти бештар:

Кӯлоб дар зери об (аксҳо ва видео)

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG