Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамдастони Шаҳзодро низ боздошт кардаанд.


Матбуоти Амрико мегӯяд, Покистон як нафареро боздошт кардааст, ки гуфта мешавад, ба Файсал Шаҳзод дар талоши бамгузории майдони Таймс Сквери Нию Йорк кӯмак кардааст. Рӯзномаи "Вошингтон Пост" навиштааст, шахси машкук гувоҳӣ додааст, ки дар паси ин талоши бамгузорӣ Толибони Покистон қарор доштаанд. Бино ба гузоришҳо, рӯзи панҷшанбе бозрасон се нафарро дар атрофи Нию Йорк, Бостон ва Филаделфия низ дар робита бо Файсал Шаҳзод боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG