Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як пулиси Русия барои латукӯби тоҷикон ҷазо гирифт


Яке аз додгоҳҳои минтақаии Русия Евгений Сергиенко-корманди пулиси истгоҳи Митишии наздикии Маскавро сеюним сол шартан аз озодӣ маҳрум кард. Вай дар ин истгоҳ бо яке аз ҳамкорони худ бидуни сабабе барои тафтиш аз ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳуҷҷут хостаанд. Шаҳвандони Тоҷикистон ҳуҷҷутҳои худро пешкаш кардаанд, вале кормандони пулис бо ин қаноат накарда, хурдагирона ба расидагии бадани онҳо шурӯъ кардаанд. Тоҷикон ба таҳқир ҷавоб додаанд. Вале кормандони пулис онҳоро лагадкӯб кардаанд ва ба шӯъбаи пулис бурдаанд. Дар он ҷо низ лату кӯби шаҳрвандон давом кардааст ва онҳо осеби ҷисмонӣ бардоштаанд. Муҳоҷирони тоҷик, ки аз онҳо ном бурда намешавад, ба додгоҳ муроҷеа кардаанд ва додгоҳ ҳукми худро содир кардааст. Дар ин бора сомонаи "Росблат" хабар додааст.
XS
SM
MD
LG