Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зарари селоб дар Ғончиву Панҷакент


"Авеста" хабар медиҳад, ки ҳудуди 100 хонавода аз ноҳияи Ғончӣ ба ноҳияи Зафаробод кӯч дода мешаванд. Онҳо аз боронҳои шадид ва ҷорӣ шудани селоб осеб дидаанд. Ба онҳо барои манзили зисти доимӣ ҷой дода мешавад. Онҳо хонаводаҳое мебошанд, ки тақрибан ҳар сол аз селобҳо зарар мебинанд ва кӯч додани онҳо бо ризояти худашон сурат мегирад. Ноҳияи Панҷакент низ аз селоб зарар дидааст. Арзиши зарари офати табиӣ дар Ғончиву Панҷакент 6 миллион сомониро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG