Пайвандҳои дастрасӣ

Борони шадиди шоми гузашта дар Душанбе


Дар қисмати ҷанубии шаҳри Душанбе дар шаҳраки Гипрозем шоми дирӯз дар натиҷаи бориши шадиди борон селоб ҷорӣ шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ин бора ба хабаргузории "Авеста" иттилоъ додааст. Дар бораи зарари ин селоб то ҳол гузориш дода нашудааст. Тахмин мезананд, ки бозори фурӯши мошинҳо дар Гипрозем осеб дидааст. Шоми дирӯз дар шаҳри Душанбе борони шадид борид ва сокинонро нигарон кард. Тибқи гузоришҳо, дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ бориши борони сахт мушоҳида шудааст.
XS
SM
MD
LG