Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти ҷонибдорони Боқиев дар 3 шаҳри Қирғизистон


Дирӯз ҷонибдорони Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон дар се шаҳри ҷанубии ин кишвар дар Ӯш, Ҷалолобод ва Бодканд тазоҳуроти эътрозӣ анҷом доданд. Садҳо нафар дар назди бинои ҳукумати маҳаллии Ӯш гирдиҳам омаданд ва бозгашти Боқиев ба раҳбарият ва барқарории раиси вилоятро тақозо карданд. Раиси вилоят аз ҷонибдорони Боқиев ба шумор меравад. Ин гурӯҳи тазоҳуркунандагон баъдтар ба раҳбарии Мамасодиқ Боқиров-раиси барканоршудаи вилоят ба бинои ҳукуматӣ ҳамла бурд. Дар вилояти Ҷалолобод низ ҷонибдорони Боқиев ба бинои вилоятӣ ҳамла карданд. Дар вилояти Бодканд низ ҷонибдорони Боқиев истеъфои раиси кунунии вилоятро дар миён гузоштанд. Роза Отунбоева-раиси ҳкумати муваққатии Қирғизистон дар вокуниш ба ин тазоҳуроти эътрозӣ гуфт:
"Агар нируҳое бихоҳанд барои мо мушкил пеш оранд, талош кунанд, ки Қирғизистонро пас баргардонанд ва байни мо тафриқа андозанд, мо ҳам нируи кофӣ ва ҳам омодагии комил дорем, ки ба онҳо муқовемат кунем ва бар онҳо пирӯз шавем".

Ҳукумати муваққатӣ вазири дифои Қирғизистонро ба шаҳри Ӯш фиристод. Бинои ҳукумати вилоятӣ дар тасарруфи ҷонибдорони Боқиев қарор дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG