Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз Тоҷикистон аз СММ расман кӯмак хоҳад хост


Имрӯз ҳукумати Тоҷикистон аз СММ дархост хоҳад кард, ки дар рафъи пайомадҳои селоби фоҷеабори Кӯлоб ба Тоҷикистон кӯмак кунад. Сироҷиддин Аслов-намояндаи Тоҷикистон дар СММ дар ин бора дар Нию Йорк ба хабарнигори радиои Озодӣ гуфт:

"Имрӯз намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ бо номаи расмӣ ба СММ барои кӯмак дар бартараф намудани пайомадҳои офатҳои табиӣ муроҷеат хоҳад кард".

Оқои Аслов афзуд, кӯмакҳои нахустин аз рӯзҳои аввал расида буд, вале камбуди масолеҳи сохтмонӣ, техникаву таҷҳизот, металопрокат, сӯзишворӣ, маводи ғизоӣ, доруворӣ, хайма, генераторҳои муттаҳаррик ва молҳои дигари ниёзи аввалия эҳсос мешавад.
XS
SM
MD
LG