Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Меркел шикасти евроро бо шикасти Иттиҳоди Аврупо баробар кард


Дар пасманзари коҳиши пули ягонаи Иттиҳоди Аврупо, сарвазири Олмон Ангела Меркел гуфт, фурӯпошии евро ба маънии фурӯпошии Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд. Ҳангоми суханронӣ дар расми тақдими ҷоиза ба сарвазир Лаҳистон Доналд Туск дар Аҳерн, Мепркел гуфт, "агар евро вожгун шавад, на фақат пул фурӯ хоҳад рафт, балки ҳамчунин Аврупо ва ташаббуси ваҳдати Аврупо низ фурӯ хоҳанд рафт. Бар асари нигарониҳо аз вазъи молиявии Юнон ва таъсири он ба ҳамаи 16 узви минтақаи евро пули ягонаи Аврупо зери фишори шадид қарор дорад. Туск, ки ҷоизаи бонуфузи хидмат ба ягонагии Аврупо ба номи Чарлманеро мепазируфт, гуфт, бӯҳрони феълӣ як озмоиши бузург ва ҳамчунин имконияти таҳкими минбаъдаи Аврупост.
XS
SM
MD
LG