Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус сафирашро аз Қирғизистон бозпас хонд


Беларус сафири худро аз Қирғизистон бозпас хонд. Мақомоти Минск мегӯянд, ин тасмим аз нигарониҳои амниятӣ маншаъ мегирад. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Беларус Андрей Савинних гуфт, дар шароити феълии Қирғизистон касе амнияти кормандони сафоратро замонат намедиҳад. Вай афзуд, ба унвони кормандони сафорат таҳдидҳои мушаххасе сурат гирифтаанд. Савинних ҳамзамон афзуд, равобити дипломатӣ байни кишвараш ва Қирғизистон қатъ намешаванд. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳанд, ки барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар Минск, пойтахти Беларус ба сар мебарад ва тарафдоронаш имрӯз дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод даст ба тазоҳурот зада бозгашти ӯро талаб кардаанд. Онҳо ҳамчунин бинои ҳукумати вилояти Ӯшро ишғол намудаанд. Ноиби раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон Азимбек Бекназаров ин иқдомотро ба талошҳои зиддиинқилобии нерӯҳо мухталифи кишвар бастагӣ медиҳад.
XS
SM
MD
LG