Пайвандҳои дастрасӣ

Зуҳури "вабо"-и хашхош дар Афғонистон


Дар Афғонистон як бемории асроромезе пайдо шудааст, ки ниҳолҳои хашхош ё кӯкнорро дар арафаи гул карданашон аз байн мебарад. Ба ин сабаб пешбинӣ мешавад, ки ҳосили хашхош дар Афғонистон имсол коҳиш хоҳад ёфт. Раҳбари Идораи Созмони Милал дар мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Антонио Мария Коста бо ташаккур аз ин бемории наботӣ гуфт, ҳосили хашхош имсол 25 дарсад кам хоҳад шуд. Бархе аз коршиносон зуҳури бемориро, ки мардум ба он "вабои хашхош" ном гузоштааст, ба истифодаи чандинсолаи заҳрҳои кимиёӣ бастагӣ медиҳанд, вале бархе дигар мегӯянд, бемории номаълум шояд табиист, чун ба гандум, ҷуворӣ ва дарахтони мевагӣ ҳам сироят кардааст.
XS
SM
MD
LG