Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти мухолифони қирғиз дар Ӯш ва Ҷалолобод


Тарафдорони президенти барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев имрӯз дар ду шаҳри ҷанубии кишвар -- Ӯш ва Ҷалолобод тазоҳурот бапо карданд. Дар Ӯш садҳо нафар аз тазоҳуркунандагон бинои ҳукумати вилояти Ӯшро ишғол карданд. Онҳо пас аз як тазоҳуроти пуриздиҳом дар назди ин бино бо посбонони он даргир шуданд ва ба дохили бино даромаданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки шоҳиди воқеа буд, мегӯяд, касе дар ин даргирӣ захмӣ нашудааст. Тазоҳуркунандагон бозгашти Боқиев ва ҳамчунин дубора дар мақомаш барқарор шудани ҳокими вилоятро талаб доранд. Боқиев, ки дар пайи як шӯриш дар моҳи гузашта Қирғизистонро тарк кардааст, ҳоло дар Беларус ба сар мебарад. Ноиби раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон Азимбек Бекназаров дар бораи ин ҳаводис ба Радиои Озодӣ гуфт:

"Метавон гуфт, вазъият мураккаб аст ва нерӯҳои аксулинқилоб худро нишон медиҳанд. Онҳо мехоҳанд ба навъе интиқом ситонанд. Баъд аз инқилоб нерӯҳои гуногун пайдо шудаанд. Вале мо ба иттиҳод шурӯъ кардаем."

Ҳукумати муваққати Қирғизистон вазири умури дохилиро ба ин минтақа фиристодааст. Якчанд ҳазор нафар дар Ҷалолобод низ дар тазоҳурот ва раҳпаймоии худ истеъфои мақомоти маҳаллиро талаб карданд.
XS
SM
MD
LG