Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нерӯҳои амниятии Русия мегӯянд, се бомбгузорро куштанд


Раиси Хадамоти амнияти Русия мегӯяд, нерӯҳои амниятӣ се нафареро, ки дар бомбагузории худкушонаи метрои Маскав даст доштанд, ба ҳалокат расондаанд. Александр Бортников гуфт, кормандони амниятӣ се узви дастаро дунболагир карданд, ки яке аз онҳо бомбгузоронро то метро ҳамроҳӣ кардаааст ва дигаре ду бомбгузори занро то метро расонда, ҳангоми таркиш он ҷо будааст. Гумонбаршудагон шадидан мухолифат карданд ва дар ҷои воқеа кушта шуданд. Бортников афзуд, кормандони амниятӣ инчунин ҳамаи аъзои дастаро ошкор кардаанд. Моҳи март дар ду таркиш, ки гуфта мешавад, аз тарафи зодагони Доғистон ба амал омад, дар метрои Маскав 40 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG