Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоли бохт омӯзгор мӯйсар ва арбӯвонашро метарошад


Пас аз як моҳи дигар, агар як баҳси шартбандӣ байни талаба ва омӯзгор дар Флоридаи Амрико ба фоидаи мактаббача ҳал шавад, муаллим маҷбур хоҳад шуд мӯйи сар ва абрӯвони худро битарошад. Хабаргузории Ассоишейтед Пресс мегӯяд, талаба бо муаллимаш шарт бастааст, ки чаҳор сол, то имтиҳони ниҳоӣ, бо як пойафзол ба мактаб хоҳад омад. Ин ҳам дар ҳоле ки вай капитани дастаи футболи мактаб аст. Бен Хедбломи 17-сола, ки пойафзолаш сӯроху тикка-тикка шудааст ва дар ҳавои борон вай панҷаҳояшро бо селофан мебандад, ба хабарнигорон гуфтааст, ин шарт ба ӯ, аз ҷумла ёд дод, ки ба ақидаи атрофиён эътино накунад. Агар Бен як моҳи дигар тоқат кунад, муаллими ӯ, Адриан Антонинӣ аз мӯйи сар ва абрӯвонаш барои муддате маҳрум хоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG