Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имдодхоҳии Тоҷикистон аз Иттиҳоди Аврупо


Ҳукумати Тоҷикистон хостори кӯмакҳои фаврии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ҷомеаи байнулмилал дар рафъи пайомади офатҳои табиӣ шуд. Дар номае, ки сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов имзо кардааст, гуфта мешавад, бар асари чунин офатҳо дар кишвар 40 нафар кушта, 33 нафар бенишон ва 300 тан захмӣ шудаанд. Бино бар ин нома 20 шаҳру рустои Тоҷикистон аз селу зилзила осеб дида, зарари офатҳои табиӣ ба иқтисоди кишвар 600 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG