Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафдорони Боқиев бинои ҳукумати Ӯшро ишғол карданд


Тарафдорони президенти барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев имрӯз бинои ҳукумати вилояти Ӯшро ишғол карданд. Онҳо пас аз як тазоҳуроти пуриздиҳом дар назди ин бино бо посбонони он даргир шуданд ва ба дохили бино даромаданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки шоҳиди воқеа буд, мегӯяд, касе дар ин даргирӣ захмӣ нашудааст. Тазоҳуркунандагон бозгашти Боқиев ва ҳамчунин дубора дар мақомаш барқарор шудани ҳокими вилоятро талаб доранд. Боқиев, ки дар пайи як шӯриш дар моҳи гузашта Қирғизистонро тарк кардааст, ҳоло дар Беларус ба сар мебарад. Дар Бишкек низ рӯзи чаҳоршанбе садҳо нафар аз тарафдорони Боқиев бар зидди пароканда эълон шудани порлумон аз тарафи ҳукумати муваққатӣ раҳпаймоӣ карданд.
XS
SM
MD
LG