Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаҳо ба шабакаи интернетии давлати Амрико


Намояндаи аршади Вазорати дифои Амрико мегӯяд, гурӯҳҳои ҷиноӣ, хадамоти ҷосусии хориҷӣ ва террористони эҳтимолӣ пайваста шабакаҳои компютерии ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаро рахна мекунанд ва маълумоти ҳассосу махфии давлатиро мерабоянд. Ҷеймс Миллар, ноиби вазири дифоъ дар нишасти хабарӣ дар Вошингтон гуфт, ҳар рӯз беш аз ҳазор кӯшиши ҳамла ба шабакаи давлатӣ сурат мегирад. Ба гуфтаи вай, зиёда аз 100 созмони хадамоти ҷосусии хориҷӣ дар пайи дастёфт ба иттилои дохилии ин шабакаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG