Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама пас аз мизбонии Ҳамид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон, ки бо сафаре дар ИМА қарор дорад, гуфт, матбуот ихтилофҳои ин ду кишварро беш аз ҳад муболиға кардааст.

Мавқеъҳои гуногун, ҳадафи яксон

Карзай дар посух гуфт, мавқеъи ду раҳбар баъзан фарқ мекунад ва шояд ихтилофҳои бештар дар пешанд, аммо, гуфт вай, робитаҳои Амрико ва Афғонистон қавӣ ва пойдоранд.

Вохӯрии Карзай ва Обама дар рӯзи севуми сафари ҳайати бузурги ҳукумати Афғонистон ба Вашингтон доир шуд. Рӯзҳои қаблӣ мулоқотҳои мақомдорони афғонӣ бо ҳукумати Обама дар мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла маориф, энерҷӣ, кишоварзӣ ва дифоъ сурат гирифт.

Карзай ҳамчунин бо вазири корҳои хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ва вазири дифоъ Роберт Гейтс мулоқот кард. Онҳо ваъда доданд, ки Афғонистонро танҳо намегузоранд.

“Мардуми оддиро накушед”

Дар мулоқот бо Обама Карзай мавзӯъи талафот миёни аҳолии осоиштаи афғонро дар ҷараёни амалиётҳои низомӣ ба миён гузошт. Ба ақидаи раисҷумҳури афғонистон, мизони баланди ин талафот мардумро аз тарк кардани Толибон ва пайвастан ба ҳукумат монеъ шудааст.

Обама дар ин бора гуфт, Амрико ҳар кореро хоҳад кард, то ба мардуми Афғонистон осеб нарасад. Обама гуфт, ИМА пеш аз ҳама барои ҳимояи мардуми Афғонистон аз Толибон кор мекунад ва дар аксари мавридҳо Толибон масъули талафот миёни сокинони бегуноҳ мебошанд.

Ба назар мерасад, ин суханони Обама Карзайро қаноатманд кард ва вай мулоқотро баҳси “муфид” ва “ошкор” арзёбӣ кард. Вай гуфт, аз дастгирии бисёр қатъии Обама хушҳол аст.

Вашингтон мехоҳад, ҳукумати Афғонистон дар самти решакан кардани фасод аз иқдомоти бештар кор бигирад, вале, коршиносон мегӯянд, аз рӯи стротежии нави Кохи сафед ҳамаи чунин ҳушдорҳо ба Карзай дар хилват дода шуд. Дар назди омма бошад, Вашингтон кушиш кард, то ба раҳбари Афғонистон эҳтироми бештар намоиш диҳад.

Дасти дӯстӣ ба “деҳқонбачаҳо”-и толиб

Карзай ҷангиёни қатории Толибонро “деҳқонбачаҳо” номида ,гуфт, ки онҳо ягон идеология надоранд ва узви ал-Қоида ва ё дигар шабакаҳои террористӣ нестанд. Ӯ гуфт, ҳазорон чунин деҳқонбача аз тарс ё бархӯрди ношоиста ба қатори ифротгароён пайвастаанд.

Обама гуфт, Карзай дар бораи нақшаи оштӣ бо чунин ҷангиён ба вай тафсилоти бештар додааст ва афзуд, ки ИМА аз талошҳои ҳукумати Афғонистон дар робита ба боз кардани дарҳо ба чунин ҷангиён дастгирӣ мекунад.

Дӯсти ҳам Эрону ҳам Амрико

Дар бораи робитаҳояш бо Эрон Карзай эълом намуд, ки вай аз аввал ба Вашингтон гуфта буд, ки Эрон “ҳамсоякишвар ва бародари Афғонистон” аст. Вай изҳори умедворӣ намуд, ки робитаҳои Афғонистон ҳам бо Амрико ва ҳам бо Эрон дӯстона боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG