Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷонибдорони Боқиев бинои ҳукумати Ӯшро гирифтанд


Тарафдорони президенти барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, ки дар байни онҳо занон буданд, бинои ҳукумати вилояти Ӯшро ишғол карданд.

Кӣ раиси кӯҳнаву кӣ раиси нав?

Онҳо Мамасиддиқ Бакиров, собиқ раиси ҳукумати ин вилоятро, ки баъди суқути низоми Боқиев аз вазифа барканор шудааст, дубора ба мақомаш барқарор карданд.

Аммо ишғоли бинои ҳукумати вилоят ба тарафдорони президенти барканоршуда ба осонӣ ба даст наомад. Дар миёни онҳо ва ҷониборони ҳукумати муваққатӣ часпу талоши зиёд ба вуқӯъ пайваст ва ахиран тарафдорони ҳукумати муваққатӣ маҷбур шуданд, ки ақибнишинӣ кунанд ва бинои ҳукумати вилоятро ба дасти мухолифони худ супоранд. Раиси ҳукумати муваққатии вилояти Ӯш Сооронбой Ҷиянбеков дар иҳотаи як гурӯҳ муҳофизонаш бинои ҳукуматро тарк кард ва ба самти номаълум ғайб зад.

Ба гуфтаи Мамасиддиқ Бакиров, вай намояндаи қонунии ҳукумат аст ва дар пояи қонун ба ин мақом пазируфта шудааст. Мамасиддиқ Бакиров гуфт, бинои ҳукумати вилоят аз роҳи зӯрӣ забт нашудааст ва ӯ дар мавриди ишғоли курсии раиси ҳукумати вилоят раъйи тарафдоронашро иҷро кард. Аммо Мамасиддиқ Бакиров перомуни гуфтушунид бо ҳукумати муваққатии Роза Отунбоева худдорӣ варзид.

Фарид Ниёзов, ҳамоҳангсози маркази иттилоотии дастгоҳи ҳукумати муваққатӣ, ба радиои Озодӣ гуфт, тарафдорони Боқиев бо вуҷуди он ки Мамасиддиқ Бакировро ба мақоми раиси ҳукумати вилояти Ӯш шинондаанд, вале ин як ҳодисаи муваққатӣ аст. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар зудтарин фурсат тарафдорони президенти барканоршуда аз бинои ҳукумати вилояти Ӯш берун карда хоҳанд шуд.

Талошҳои ҳукумати муваққатӣ

Азимбек Бекназаров, ноиби раиси ҳукумати муваққатӣ, ба радиои Озодӣ гуфт, нерӯҳои зиддиинқилобӣ сар боло кардаанд ва мехоҳанд тарафдорони Боқиевро дар минтақаҳои дигар шӯронанд ва муттаҳид созанд. Вай гуфт, дар миёни мухолифони ҳукумати муваққатӣ ба тарафдорони Боқиев афроде низ пайвастаанд, ки дар ҳукумати нав соҳиби мансаб нашуданд.

Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққатӣ, ки гуфта мешавад, баъди таҳаввулот дар вилояти Ӯш ҷаласаи фаврӣ барпо намудааст, гуфтааст, мухолифони ҳукумати муваққатӣ барои кишвараш ва мардуми он хатари ҷиддӣ эҷод хоҳанд кард. Ба гуфтаи хонум Отунбоева, ҳукумати муваққатӣ тамоми чораҳоро пиёда хоҳад кард, ки дар саросари Қирғизистон субот барқарор бошад ва мардум дар фазои амн ба сар баранд.

Се генерал

Дар ин миён се генерали қирғиз изҳороти Алмосбек Атамбоевро дар мавриди онҳо изҳороте арзёбӣ карданд, ки Қирғизистонро ба ташаннуҷ рӯбарӯ хоҳад кард. Зеро Алмосбек Атамбоев генералҳо Феликс Қулов, Омурбек Сувоналиев ва Мирослав Ниёзовро генералҳои чӯбин номидааст. Аммо Омурбек Сувоналиев, собиқ вазири дохилаи Қирғизистон, дар вокуниш ба ин изҳороти Алмосбек Атамбоев гуфт, Атамбоев салоҳияти иҷрои вазифаи ноиби раиси ҳукумати муваққатиро надорад. Ба гуфтаи генерал Сувоналиев, Атамбоев шахси эҳсосотист, ки хоси сиёсатмадорон намебошад.
XS
SM
MD
LG