Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба кӯдакони Русия дар Тоҷикистон ваксин мезананд


Геннадий Онишенко-раиси бахши беҳдошти вазорати тандурустии Русия гуфтааст, густариши бемории фалаҷи кӯдак ё полиомелит дар Тоҷикистон ҳамчунон мавриди нигаронии ҷиддии Роспотребнадзори Русия боқӣ мондааст. Ба гуфтаи вай, шумораи гирифторони ин беморӣ ба 293 нафар ва шумораи кӯдакони даргузашта аз ин беморӣ ба 15 нафар расидааст. Онишенко ин нуктаро ба хабаргузории Интерфакс изҳор доштааст. Ба гуфтаи вай, ба Тоҷикистон ваксин фиристода шудааст ва ба кӯдакони Русия дар ин кишвар ваксин зада мешавад.
XS
SM
MD
LG