Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири нави хориҷаи Британия ба Амрико меравад


Қарор аст Виллиям Ҳейг-вазири нави корҳои хориҷаи Британия рӯзи ҷумъа барои музокирот бо Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико ба Вошигтон сафар кунад. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷаи Британия хабар дод. Ҳейг рӯзи сешанбе гуфт, ҳукумати Британия мехоҳад бо Амрико муносиботи "устувор, вале бидуни тақлиди кӯр-кӯрона" дошта бошад. Вай робитаҳои миёни ду кишварро таъкид кард. Барак Обама яке аз нахустин раҳбарони ҷаҳон буд, ки рӯзи сешанбе Дэвид Камеронро бо дарёфти мақоми нахуствазирӣ табрик гуфт.
XS
SM
MD
LG