Пайвандҳои дастрасӣ

Русия дар Туркия корхонаи ҳастаӣ месозад


Русияву Туркия мувофиқатномаеро ба имзо расонданд, ки бар асоси он ҳоло Русия дар Туркия нахустин корхонаи ҳастаӣ бунёд мекунад. Ин корхонаи тавлиди нируи ҳастаӣ дар Аккую дар соҳили баҳри Миёназамин дар қисмати Туркия сохта мешавад ва арзиши тақрибии он 20 миллиард долларро хоҳад дод. Ин мувофиқатнома дар ҷараёни боздиди Дмитрий Медведев аз Анкара-пойтахти Туркия ба имзо расид. Ин ду кишвар ҳамчунин муқаррароти раводиди байни якдигарро сабуктар карданд. Медведев ва Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия як шӯрои муътабари ҳамкориҳои дуҷониба таъсис доданд.
XS
SM
MD
LG