Пайвандҳои дастрасӣ

5-солагии рӯйдодҳои Андиҷон


Имрӯз бо 5-ӯмин солгарди рӯйдодҳои хунини соли 2005-и Андиҷони Ӯзбакистон мусодиф аст. Дар ин ҳодисаҳо даҳҳо нафар кушта шуданд. Ҳоло аз ин ҳодисаҳо "Қатли оми Андиҷон" ном мебаранд. Нируҳои режими Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Ӯзбакистон ба сӯи мардуме, ки чанд рӯз машғули тазоҳуроти сулҳомези зиддидавлатӣ буданд, оташ кушоданд. Тазоҳуркунандагон раҳоии 23 тоҷири маҳаллиро аз зиндон тақозо мекарданд. Онҳоро давлат ба тундгароии исломӣ ва фаъолиятҳои ҷудоихоҳона муттаҳам мекард. Шоми 13-ӯми май нируҳо ба сӯи тазоҳуркунандагон оташ кушоданд. Дар миёни онҳо занону кӯдакон низ буданд Ин ҳодиса замоне рух дод ки гурӯҳе гӯё ба гарнизони низомӣ ҳамла кард ва аслиҳаи онҳоро гирифт ва сипас аз зиндони Андиҷон гӯё зиндониёнро раҳо кард. Бино ба маълумоти мақмоти расмии ҳукумат, дар ин нооромиҳо 187 нафар кушта шудаанд. Вале гуруҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, дар ин нооромиҳо садҳо нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG