Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Русия полиомелити Тоҷикистон пайдо шудааст?


Бино ба навиштаҳои матбуоти Русия, вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар нахустин мавриди бемории полиомелит ё фалаҷи кӯдакро дар Русия таъйид кардааст. Ин бмор кӯдаки 9-моҳаест, ки аз Тоҷикистон ба вилояти Иркутск омадааст. Андрей Нестеренко-намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷаи Русия намунаи Иркутскро вазъи изтирорӣ арзёбӣ кардааст. Русия вуруди кӯдакони то 6-соларо аз Тоҷикистон муваққатан мамнӯъ эълон кардааст. Воридоти меваҳои хушк аз Тоҷикистонро низ Русия иҷоза намедиҳад.
XS
SM
MD
LG