Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Амрико аз музокироти ҳастаии Русияву Сурия


Амрико аз музокироти ҳастаии Русияву Сурия изҳори ташвиш кард ва гуфт, кишварҳое, ки ба ҳамкориҳои энержӣ таваҷҷуҳ доранд, бояд бидонанд, ки Сурия дар масоили ҳастаӣ чӣ камбудиҳо дорад. Филип Кровлӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, Амрико нигарон аст, ки "Сурия ба суолҳое посух надодааст, ки ба муқаррароти аҳдномаи манъи силоҳи ҳастаӣ посухгӯ бошад". Вай гуфт, ҳамаи кишварҳое, ки хостори ҳамкориҳои энержӣ ҳастанд, бояд ин масъаларо дар назар бигиранд. Медведев дар ҷараёни боздидаш аз Димишқ-пойтахти Сурия изҳор дошт, ки Маскав омода аст дар сохтмони ниругоҳи ҳастаӣ ба ин кишвар кӯмак кунад. Ин ҳамкориҳо мисли ҳамкориҳое хоҳад буд, ки аз муддатҳо қабл Русия бо Эрон дорад.
XS
SM
MD
LG