Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармоядори гурезаи рус раҳоии шарикашро талаб кард


Евгений Чичваркин-молики собиқи ширкати телефонии Русия бо номи Евросет аз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дархост кардааст, ки муовини раиси ин ширкатро аз боздошти муқаддамотӣ раҳо кунад. Евгений Чичваркин, ки барои одамрубоӣ ва суистифода аз мақом муттаҳам дониста мешавад, ҳоло дар Лондон ба сар мебарад. Вай ин дархости худро дар як навори видеоӣ ба Медведев фиристодааст. Дар ин навор Чичваркин гуфтааст, вай ҳарос дорад, ки Борис Левин-муовини раиси ширкати Евросет мумкин аст дар зиндон аз бемории Гепатит даргузард, зеро вай гирифтори ин беморӣ будааст. Чичваркин ҳамчунин даъво кардааст, ки дороии Евросетро, ки миллионҳо долларро ташкил медод, афсарони нируҳои амниятӣ дуздидаанд. Вай гуфтааст, нируҳои амниятӣ масъулияти чанд кушторро бар ӯҳда доранд ва бозрасон ҳангоми бозпурсӣ аз шеваҳои "фашистӣ" истифода кардаанд.
XS
SM
MD
LG