Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиди Карзай вориди Кохи Сафед шуд


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ба хотири музокирот бо ҳамтои амрикоияш Барак Обама вориди Кохи Сафед шуд. Дирӯз ӯ дар як бемористон аз сарбозони амрикоии дар Афғонистон захмишуда аёдат кард. Вузарои хориҷа ва дифоъи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ва Роберт Гейтс низ ҳарду дирӯз дар ҷараёни мулоқотҳо бо намояндагони баландпояи ҳайъати Кобул тааҳҳуд супурданд, ки Амрико Афғонистонро танҳо нахоҳад гузошт. Ҳадаф аз музокироти Карзай дар Вошингтон, ки рӯи масоили низомиву рушд ва мусолиҳа дар Афғонистон тамаркуз хоҳад кард, беҳбуди равобити Афғонистону Амрикост, ки дар пайи як силсила баёнияҳои тунди зиддиғарбии Ҳомиди Карзай ба сардӣ гароидааст.
XS
SM
MD
LG