Пайвандҳои дастрасӣ

Райпурсӣ ба хотири тағйири Қонуни асосии Туркия


Раисиҷумҳури Туркия Абдуллоҳ Гул дар пайи нокомӣ дар амри касби пуштибонии шумори кофии вакилони ҳарду маҷлиси парлумон як бастаи тағйироти пешниҳодӣ ба Қонуни асосии ин кишварро дар маърази раъйпурсии саросарӣ гузошт.
Аксари вакилони парлумони Туркия дар ҳафтаи гузашта аз ин пешниҳодҳо пуштибонӣ карданд, вале орои бадастомада барои тасвиби тағйирот пурра кифоят накард.
Дафтари Абдуллоҳ Гул гуфт, ки ӯ акнун ин тағйиротро ба раъйпурсии саросарӣ мегузорад, вале таърихи рӯзи ин маърака ҳанӯз мушаххас нашудааст. Тағйирот ба Қонуни асосӣ ба парлумон аз ҷумла ҳаққи таъйини қозиён дода, дар додгоҳҳои шаҳрвандӣ муҳокима кардани фармондеҳони аршади низомиро низ иҷозат медиҳад.
XS
SM
MD
LG