Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо гузашти як сол аз миён, дигар аз деҳаи замоне овозадори «18-ум Партсйезд»-и ноҳияи Хуросон чизе боқӣ намондааст, чун тӯдаҳои бузурги лой ва гили аз кӯҳу пуштаҳо хамида, тамоми деҳро рӯйпӯш кардааст.

Ҳаитмуҳаммад Мӯъминов, сокини деҳаи навбунёди «Офтобак», ки дар як соли пеш манзилаш зери лою гили рустои «18-ум Партсйезд» мондааст, мегӯяд, ҳоло дар ин мавзеъи офатзада гандум кишт шуда ва мақомот мехоҳанд боғе ҳам бунёд кунанд.

ТАРСИ ДАР ДИЛУ ҶОН НИШАСТА

Ин ҳама дар ҳолест, ки сокинони маҳалҳои атрофи деҳаи селзадаи «18-ум Партсйезд» мегӯянд, ҳамоно аз тарси такрори офати табиӣ зиндагии осуда надоранд. Нурмуҳаммад Одинаев, сокини деҳаи «18-ум Партсйезди боло», мегӯяд, дар селборишҳои соли гузашта манзили зисти ӯ, ки дар канори деҳ воқеъ буд, осеб надидааст, аммо вай мутмаин нест, ки ҳоло дар мавзеъи бехавф ба сар мебарад:

«Ҳамин ки борон борид, мо ва ҳамсояҳо зуд аз маҳалли зистамон фирор мекунем. Ҳама ашё ва маводи лозимиро, ба мисли нону об, ғизо, сарулибос ва телевизори хонаро пеш аз пеш тайёр карда мондаем барои рӯзи мабодо. Зуд гирифта, ба хонаҳои хешу табор меравем. Баъзе нафарон аз деҳа ба сари тепа рафта, бори шва ҷараёни селро наззора мекунанд ва ба мардум телефонӣ хабар медиҳанд, ки куҷо раванд, чӣ кунанд. Албатта тарс ҳаст, ки боз сел ин дафъа хонаҳои моро ҳам хароб насозад. Борон, ки бас кард, бармегардем ба хонаҳоямон…»

Имсол сокинони боқимондаи деҳаҳои «18-ум Парсйезди боло» ва «18-ум Парсйезди поён» шоҳиди боришоти шадиду сел нашудаанд, аммо мегӯянд, даҳшати офати табиии соли гузашта барои солҳои дароз дар пеши чашмашон меояд. Дар пайи селбориши моҳи майи соли 2009 беш аз 500 хонаводаи деҳаҳои мазкур бехонаву дар шуда ва низ тамоми дороиҳояшонро аз даст дода буданд.

Вале ҳамакнун беш аз ним ҳазор хонаводаи осебдида дар манозили нави худ, ки дар маҳалли бехавфи деҳаҳои «Чорбоғ» ва «Офтобак» бунёд шудааст, ба сар мебаранд.

КӮЛОБ ТАРСҲОРО БЕДОР КАРД

Дилором Қодирова, сокини деҳаи «Чорбоғ» мегӯяд, офати табиии соли гузашта тамоми зиндагии аҳли хонаводаашро касод кард, дороиҳоро рабуд, аммо хушбахтона талафоти ҷонӣ ба думбол надошт. Аммо хонум Қодирова меафзояд, бо дидани манзараи тахрибкориҳои сел ва хисороти қобили мулоҳизаи он дар Кӯлоб, эҳсоси бепаноҳиву заъфпазирӣ ва бим аз такрори офат дар Хуросон дар бисёре аз аъзои хонаводааш дубора боло гирифтааст:

«Шукри Худо, ки мо агар ҳама чизу чора ва хонаву молу ҳоламонро аз даст дода бошем ҳам, фарзандон ва пайвандонамонро дар он офати порсола аз даст надодем. Бечора мардуми Кӯлоб ҳам имсол бо ҳамин даҳшат мувоҷеҳ шуданд. Одамони бисёре ҳалок ва нопадид шуданд. Ман бисёр тарс дорам, фарзандонам ҳам метарсанд, ки боз ҳодисаҳои соли гузаштаи Хуросон ва имсолаи Кӯлоб такрор нашаванд…»

Саидмӯъмин Субҳонов, сарпизишки маркази саломатии деҳотии «Чорбоғ», мегӯяд, эҳсоси тарс ва шиддатнокии асаб дар ҷисми бисёре аз сокинони осебдидаи рустои харобшудаи «18-ум Партсйезд» мушоҳида мешавад:

«Ҳамин ҳодисаҳои Кӯлоб боиси аз нав бедор шудани ёддоштҳои манфӣ ва ҳисси тарс дар сокинони деҳаи «Чорбоғ» шудааст. Онҳо, ки дар гузаштаи начандон дур маҳз ҳамин гуна офати табиии шадидро аз сар гузаронидаанд, доғе дар системаи асабҳояшон доранд, ки онро пизишкон наметавонанд нест кунанд. Мо кӯшиш карда истодем, ки ба онҳо кӯмакҳои психологӣ расонем, вале дидани ҳодисаҳои монанд ба он чӣ ки аз сар гузаронидаанд ва аз вуқӯи такрории он тарс доранд, осон нест ва беасар ҳам намемонад дар асаби инсон…»

НИЁЗ БА ТАБОБАТИ РАВОНӢ

Бо ҳадафи табобати равонии аҳли деҳи «Чорбоғ» созмонҳои байналмилалии беҳдоштӣ ва вазорати беҳдошти Тоҷикистон баргузории силсилаи давраҳои омӯзиширо дар назар доранд.

Ин тадобир дар чаҳорчӯби кӯмакҳои бебозгашт ба сокинони осебдида аз офати табиии моҳи майи соли гузашта дар ноҳияи Хуросон анҷом дода мешаванд. Дар чаҳорчӯби ин барнома, муассисаҳои давлатии вилояти Хатлон, ширкатҳову соҳибкорон ва созмонҳои байналмилалӣ барои якуним ҳазор нафари беманзил хонаи нав бунёд ва низ бо ашёҳои рӯзгор таъмин намудаанд.

Ҳамакнун сокинони деҳаи «Чорбоғ» мегӯянд, омодаанд, ба зарардидаҳои офати табиии Кӯлоб кӯмаки худро расонанд:Зӯҳро Сабурова мегӯяд: «То ҳанӯз он даҳшат ки пушти сар кардем, аз ёд намеравад. Вақте мусибат ба сари мо омада буд, мардумони бисёре ба кӯмакамон омаданд. Аз ҳар ҷо палосу кӯрпаву чойнику пиёла оварданд. Гӯё дубора зинда шудем. Зиндагиро аз сифр сар кардем. Барои ҳамин ман медонам, ки ҳоло мардуми Кӯлоб ҳамин хел аҳволи бад доранд. Аз ин рӯ, мо мехоҳем ба кӯлобиҳои зарардида ёрдам расонем, ёрдами пулӣ ва ҳам кӯрпаву либос фиристоданӣ ҳастем…»

Ҳамакнун, бо дастури ҳукумати вилояти Хатлон чунин тасмим гирифта шудааст, ки барои оилаҳои бехонамондаи Кӯлоб ҳам ҳукуматҳои ҳама 25 шаҳру навоҳӣ ва ташкилотҳои вилоятӣ бо пули худ манзили зист бунёд хоҳанд кард. Аммо ин ки то куҷо ин барнома иҷрошуданист, суоли боз боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG