Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин нирӯгоҳи ҳастаии Туркияро Русия месозад


Русияву Туркия имрӯз ба қарордоде имзо гузоштанд, ки тибқи он зоҳиран нахустин нирӯгоҳи ҳастаии Туркия дар минтақаи Оқкую, дар соҳилҳои баҳри Миёназаминро Маскав хоҳад сохт. Ҳазинаи ин қарордод, ки имрӯз дар Анкара зимни боздиди раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев имзо шуд, 20 миллиард доллар баровард мешавад.
Медведев дар Анкара аз беҳбуди равобити, ба гуфтаи ӯ, “стротегӣ”-и Русияву Туркия истиқбол кард: “Тайи солҳои охир равобити мо куллан тағйир хӯрд ва имрӯз мо дар воқеъ гуфта метавонем, ки равобити мо стротегиву гуногунҷабҳа шуда, тақрибан ҳама соҳоти зиндагиро фаро мегиранд.”
XS
SM
MD
LG