Пайвандҳои дастрасӣ

Мардуми Русия Медведевро сояи Путин мебинанд


Як назарсанҷии ҷадид дар Русия ҳокист, ки танҳо 22 дарсади мардуми ин кишвар ба тавони раисиҷумҳури Дмитрий Медведев ба мустақилона пеш бурдани сиёсатҳояш бовар доранд. Таҳқиқоти маркази Левада , ки дар пайи анҷоми ду соли раҳбарии Медведев доир шуд, маълум карда, ки тақрибан 70 дарсади мардум аз раҳбарии Медведев розианд, вале 66 дарсади онҳо ҳамчунон бар ин боваранд, ки ӯ таҳти назорати сарвазир Владимир Путин қарор дорад.
Лев Гудков, мудири Левада-Сентр гуфтааст, Медведев ба як сиёсатмадори мустақил табдил наёфт ва то ҳол дар назари мардум ба мисли яке аз муовинони Путин менамояд.
Ба эътиқоди Гудков, президент дар низоми кунунии идории Русия ҳатто нафари дуввум нест, ҳамагӣ севвум аст: ӯро акнун дар саҳна нафақат Путин, балки ноиби пурнуфузи сарвазир Игор Сечин низ танг кардааст.
XS
SM
MD
LG