Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе ҷиҳати барқарорсозии шабакаи барқи Тоҷикистон ба тариқи изофа 15 миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст.

Ин сармояи хайриявӣ барои таъмини беҳтари сокинони минтақаи шимолии Тоҷикистон ба нерӯи барқ ва сарфаи оби обанбори Қайроқум дар фасли сармо ҷудо шудааст. Масъулини идораи барқи Суғд мегӯянд, вилояти Суғд дар ин самт ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ аст ва сари ҳалли онҳо талош дорад.

Ба гуфтаи Инъом Сангинов, муовини сардори идораи шабакаҳои барқи Суғд, минтақаи Зарафшон ва ноҳияи Ашт бино ба набуди маблағ ҳанӯз ба шабакаи ягонаи навтаъсиси барқи Тоҷикистон пайваст нашуда ва нерӯи барқ барои ин минтақаро Тоҷикистон бо нархи баланди 4 сент барои як киловатт/соат аз Узбакистон мехарад. Аз сӯи дигар, қисми зиёди шабакаи мавҷудаи интиқоли барқ, пойгоҳу дастгоҳҳо ва НОБ–и Қайроқум бинобар кӯҳнагиву фарсудагӣ ба навгардонӣ зарурат дорад. Вай мегӯяд, татбиқи ин корҳо бо арзиши 350 доллари амрикоӣ аз ҷониби мутахассиссин барномарезӣ шудааст.

Ба назари ҷаноби Сангинов, нав кардани хатҳои барқ, пойгоҳҳо ва дастгоҳҳои он ба сарфаи нерӯи барқ ва таъмини беҳтари аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Ба гуфтаи вай, талафоти нерӯи барқ дар вилояти Суғд ба ҳисоби миёна ба 17 фоиз баробар аст. Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи вай, вилояти Суғд, ба ҷуз минтақаи Зарафшон бо нерӯи барқи худӣ таъмин аст. Аммо моҳи июл, ки бинобар пурра ба кор даромадани корхонаҳои коркарди меваю сабзавот талабот ба нерӯи барқ зиёд мешавад, эҳтимол, норасоии барқ пеш ояд.

Даҳ миллион ниёз, се миллион иқтидор

Вилояти Суғд тобистон ба зери 10 миллион киловатт/соат нерӯи барқ дар шабонарӯз ниёз дорад ва НОБ – Қайроқум ягона манбаъи тавлиди барқ барои шимоли Тоҷикистон, иқтидори тавлиди то 3 миллион киловатт / соат нерӯи барқро дорад. Аммо Файзулло Авазов, раҳбари идораи неругоҳи мазкур, гуфт, чархаву дастгоҳҳои он беш аз ним аср бе иваз кор мекунанд ва ба таҷдиди куллӣ ниёз дорад. Вай мегӯяд, таҷдиди неругоҳ то 20 дарсад иқтидори тавлидотии онро боло хоҳад бурд.

Дар солҳои қаблӣ вилояти Суғд норасоии худро тавассути нерӯи барқи неругоҳи Норак, ки тавассути шабакаи ягонаи осиёимиёнагии барқ аз қаламрави Узбакистон интиқол меёфт, бартараф мекард. Аммо тирамоҳи соли гузашта Узбакистон аз ин шабака хориҷ гашт ва дар зимистони гузашта ба тронзити неруи барқи Туркманистон низ аз қаламраваш иҷозат надод.

Вилояти Суғд ба буҳрони шадиди норасоии барқ дучор омад ва ин мушкилро ифтитоҳи хати барқи баландшиддати Ҷануб – Шимол дар остонаи зимистон то дараҷае поён бахшид.
XS
SM
MD
LG