Пайвандҳои дастрасӣ

Бо таъини Абдураҳим Холиқов ба унвони раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон, гуфта мешавад, имкон дорад идораи танзими назди раёсати ҷумҳурӣ низ ба ин кумита ҳамрҳ шавад.

Мавлон Мухторов, ки тибқи қарори ҳукумат муовини раиси Кумитаи дин таъин шудааст, гуфт: “Албатта, сохтори он тағйир мебинад. Бояд, ки раёсати танзим ва ҳамчунин, аз рӯйи гапҳо, Донишкадаи исломӣ низ ба ин кумита ворид шавад.”

Чаро Кумитаи дин?

Ҷаноби Холиқов, ки дар гузашта сардори раёсати танзими ҷашну маросим ва инчунин мудири шӯъбаи Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ буд, дар ҳоле раҳбарии Кумитаи динро ба ӯҳда мегирад, ки ба гуфтаи коршиносон, баҳсҳои динӣ дар кишвар вусъат пайдо кардааст.

Сайидаҳмади Қаландар, аз коршиносони умури мазҳабӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, давлат маҷбур шудааст, ки барои таъмини амният ва назорати ҷиддитаре аз болои фаъолияти муассисаҳо ва ҷараёнҳои динӣ, ки дар кишвар рӯ ба афзоиш доранд, кумитаи динро дубора барқарор кунад.

“Барои нигаҳ доштани амният, оромӣ, аз таассуби диниву мазҳабӣ нигоҳ доштан, барои садд гузоштан дар роҳи ворид шудани мазоҳибе, ки аслан заминаҳои бумӣ дар ин ҷо надоштанд, фаъолияти кумитаи нав таҳти сарпарастии раёсати ҷумҳур имконияти бештар медиҳад. Ба ҳамин далел ин кумита ҷудо карда шуд.”

Аммо суоли матраҳ ин аст, то куҷо раҳбари тозатаъини ин кумита, ки дар саҳнаи мазҳабии Тоҷикистон “нафари ошно” нест, метавонад аз ӯҳдаи кори ба гуфтаи соҳибназарон “душвор” барояд?

Кори “душвор”

Сайидиброҳими Назар, як масъули Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфт, “рости гап, раиси навро намешиносам. Шунидаам, ки ӯ ҳуқуқдон аст, дар раёсати танзим кор кардааст. Вале намедонам, чӣ қадар салоҳияту огоҳӣ аз масоили динӣ дорад.”

Сайид Аҳмадов, ки дар чанд соли пеш раҳбарии Кумитаи динро ба ӯҳда доштааст, мегӯяд, муҳим чеҳра ё маълумоти нафаре нест, ки ба ин мақом пазируфта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, раиси Кумитаи дин сарфи назар аз он ки кӣ асту чӣ кора, бояд сиёсати давлат дар умури динро дар амал иҷро кунад.

Ӯ мегӯяд: “Ӯ ҳам робитаи байни давлат ва муассисаҳои диниро барқарор мекунад, ҳам барои танзими ин муносибат чораҳои мушаххас меандешад ва ҳам барои иҷрои ин маросим аз нигоҳи ҳуқуқӣ шароити мусоидро фароҳам месозад. Гарчанде ки дин аз давлат ҷудо ва кори хусусии ҳар шаҳрванд аст, вале муассисаҳои динӣ фаъолиятҳое доранд, ки бояд дар сатҳи давлатӣ ба танзим дароварда шаванд”.

Кумитаи дин дар солҳои шӯравӣ як шӯъбаи хурде дар чорчӯби Шӯрои Вазирон, ки аслан як сарпаноҳ барои ходимони амниятӣ буд, умури динро назорат мекард. Бо оғози даврони бозсозии Горбачёв дар солҳои ҳаштодуми қарни гузашта вазифаву салоҳияти ин ниҳод ба тадриҷ тавсеа ёфта, амалан ба як вазорати комилҳуқуқ баробар шуд.

Солҳои ахир ҳукумати Тоҷикистон назорати умури динро ба вазорати фарҳанг супорида буд, ки тасмими ниҳоӣ чандон муваффақ будани онро зери суол мегузорад.

Кумитаи дин аз сохторҳои муҳими давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, танзими фаъолияти муассисаҳои динӣ, таҳқиқи адабиёти мазҳабии ворид шуда, ташхиси мавъизаи рӯҳониён ва сафари шаҳрвандон барои адои маросими Ҳаҷро анҷом медиҳад.
Ҳамасола бештар аз 5 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон таҳти сарпарастии Кумитаи дин барои анҷоми маросими ҳаҷ ба шаҳри Макка фиристода мешаванд.

"Ҳоло шурӯъ накардаем"

Аммо ҷаноби Мухторов гуфт, то ҳоло фаъолияти кумитаи дин дар Тоҷикистон пас аз эҳёи дуборааш расман оғоз наёфтааст. Онҳо ҳанӯз дар утоқҳои корие ҳастанд, ки дар бинои вазорати фарҳанг ҷо гирифтааст.

“Ҳоло чизе надорем. На мӯҳру на нишона. Рӯзҳои наздик, ин ҳама бояд ҳалли худро ёбад”.

Ҳамин тавр, сохтори Кумитаи дин дар Тоҷикистон барои дуввумин бор аст, ки тағйир мебинад. Аммо рӯшан нест, ки ин бор то куҷо муваффақ ё ноком хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG