Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи беимзо: Отунбаева ришвахор аст


Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон ва ноиби ӯ Алмосбек Атамбоев, дар гирифтани ришва муттаҳам шудаанд. Дар интернет ба чунин мазмун як номае чоп шудааст.

Ҳукумати муваққат ришва мегирад?

Дар як нома унвонии Азимбек Бекназаров, ноиби раиси ҳукумати муваққатӣ, ки нусхаҳои асноди бонкӣ низ замима шудааст, омадааст, ки барои мусоидат дар хуруҷи Боқиевҳо аз Қирғизистон Отунбоева 200 ҳазор ва Атамбоев 150 ҳазор доллари амрикоӣ ришва гирифтаанд. Муаллифони нома ба хотири амният аз ифшои номашон худдорӣ варзидаанд.

Аммо Фарид Ниёзов, ҳамоҳангсози маркази иттилоотии дастгоҳи ҳукумати муваққатӣ, ин хабарро беасос хонд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз пахши ин нома дар васоити ахбори электронӣ паст кардани обрӯ ва эътибори ҳукумати муваққатӣ ва аз сӯи дигар аз эътидол берун кардани вазъият дар Қирғизистон аст.

Ҳукумати муваққатӣ саъй дорад, ки аз мавқеи худ ҳимоят кунад. Он бештар аз як моҳ боз мардумро итминон медиҳад, ки ба ислоҳоти сиёсису иқтисодӣ ва иҷтимоӣ комёб хоҳад шуд. Вале Динара Ашурохунова, коршиноси масоили сиёсӣ ва яке аз дидбонҳои ҳуқуқи башари қирғиз, зимни сӯҳбат бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ коҳиши нуфузи ҳукумати муваққатиро таъкид кард. Ба гуфтаи Динора Ашурохунова, ин ҳукумат бояд нишон диҳад, ки арзишҳои демократияро барқарор карда метавонад.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ҳар амале, ки ҳукумати ҷадид анҷом медиҳад, байни аъзои ин ҳукумат бояд ҳамоҳанг сохта шавад. Ба гуфтаи Динора Ашурохунова, вале маълум нест, ки амри боздошти Исҳоқ Масалиев, раҳбари ҳизби коммунистҳои Қирғизистонро, дар майдони ҳавоии «Манас» кӣ содир кардааст. Гуфта мешавад, вай вакилони маҳаллии ҳукумати муваққатиро дар дуздиву ғорати амволи давлату мардум муттаҳам кардааст.

Динора Ашурохунова ҳамчунин иброз дошт, ки дилсардиву навмедиҳои мардум беш аз пеш меафзояд. Ба гуфтаи ӯ, боздошти Исҳоқ Масалиевро метавон амали интиҷомҷӯёнаи ҳукумати муваққатӣ номид.

Гирдиҳамоӣ паси гирдиҳамоӣ

Рӯзи чоршанбе дар майдони назди парлумони Қирғизистон мардуми зиёд гирдиҳам омаданд, ки шумораашон 2,5-3 ҳазор тахмин карда шуд. Онҳо аввал хотираи қурбониёни 7-уми апрелро ба ёд оварданд. Баъд як гурӯҳи мардуми гирдиҳамомада ба мақоми шаҳрдори Бишкек дубора барқарор кардани Наримон Тулеевро талаб карданд. Онҳо ҳатто таҳдид намуданд, ки агар Омурбек Текебоев, ноиби раиси ҳукумати муваққатӣ, ба назди онҳо набарояд ва ба сухани онҳо гӯш надиҳад, бинои парлумонро ғасб хоҳанд кард.

Аммо баъди чанд лаҳза тарафдорони Тулеев пароканда шуданд ва ҷои онҳоро тарафдорони депутатҳои парокандашудаи парлумон ишғол карданд. Ба гуфтаи онҳо, ҳукумати муваққатӣ қонунӣ нест ва ҳеҷ кишвари ҳамҷавор Қирғизистонро ба расмият нашинохтааст, аз ин лиҳоз, марзҳо бастаанд ва мардуми кишвари онҳо бӯҳрони сахти иқтисодиро паси сар мекунад.

Почталйон Лукашенко?

Тибқи як хабари нашрияи русии «Время новостей», президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиев аз мақомоти кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ хостааст, ки ин созмон ба Қирғизистон нерӯҳои худро дарорад. Ба гуфтаи Александр Лукашенко, президенти Белорус, мақомоти кишварҳои СПАД аз вазифа барканор шудани Боқиевро ғайриқонунӣ унвон карданд.

Вале Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққаттии Қирғизистон, гуфт, ки чунин иқдоми президент Лукашенко вазъият дар кишвари ӯ - Белорусро ба ташаннуҷ рӯбарӯ хоҳад кард. Ба таъкиди хонум Отунбоева, дар Белорус мухолифони Лукашенко хеле фаъол шудаанд.

Раиси ҳукумати муваққатии қирғиз тазаккур дод, ки Қурмонбек Боқиев бояд барои қатлу куштори даҳҳо нафар ҷавоб диҳад. Вай ҳамзамон эътироф намуд, ки ҳукумати муваққатӣ ба манзури барқарории субот дар хуруҷи Боқиев аз Қирғизистон мусоидат кардааст.
XS
SM
MD
LG