Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи Тимошенкоро аз нав таҳқиқ мекунанд


Мақомоти Украина парвандаи ҷиноии алайҳи сарвазири собиқ Юлия Тимошенкоро дигарбора боз карданд. Хонум Тимошенкоро имрӯз ба додситонии кулл хонда, расман дар бораи шурӯъи дигарбораи таҳқиқи ин парвандаи 6 соли пеш хабардор кардаанд. Дар ин парванда, ки соли 2005 баста шуд, Тимошенко ба ришвадиҳӣ ба қозиёни Додгоҳи олӣ муттаҳам мешавад. Тимошенко шурӯъи дигарбораи ин парвандаро оғози “таъқиботи сиёсӣ” хонд ва гуфт, ҳадаф беобрӯ кардани ӯ ва гирифтани пеши роҳи фаъолиятҳои сиёсии ӯст: “Ман аз ин ҳайронам, ки раисиҷумҳур Виктор Янукович чаро якбора чунин парвандаҳои кӯҳнаи беҳударо пеш кашида, таъқиби рӯиростро шурӯъ кард? Бори дигар мехоҳам таъкид кунам, ин кор бо дастури мустақими Янукович сурат гирифтааст.” Тимошенкои ғарбгаро дар моҳи январи имсол интихоботи ахири раёсатҷумҳурии Украинаро ба Виктор Януковичи рӯ ба Маскав бохт ва ба дунбол тарки мақоми сарвазирӣ кард.
XS
SM
MD
LG