Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти Медведев бо раҳбарони Туркия дар Анкара


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев имрӯз дар Анкара мушорикати Маскав дар бунёди нахустин нирӯгоҳи ҳастаии ин кишварро баррасӣ мекунад. Ӯ бо ҳамтои туркаш Абдуллоҳ Гул алакай мулоқот кард, бояд акнун бо сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон пушти мизи гуфтугӯ бинишинад.
Интизор меравад, зимни ин сафар миёни Туркияву Русия беш аз 20 қарордод имзо шавад, аз ҷумла созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳоти нафту газ бо “Газпром” ва “Роснефт.” Туркия ҳамчунин бо кӯмаки Русия мехоҳад дар минтақаи Оқкую, дар соҳилҳои баҳри Миёназамин як нирӯгоҳи ҳастаӣ бисозад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG