Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як кӯдак баъд аз суқути ҳавопаймо зинда мондааст


Вазири нақлиёти Либия аз сониҳаи ҳавопаймои мусофирбари ин кишвари шимоли Африқо ҷони солим ба дар овардани як кӯдаки ҳолландиро тасдиқ кард. Муҳаммадалӣ Зайдон гуфт, то кунун аз маҳалли суқути ин ҳавопаймо дар ҳавлии фурудгоҳи Триполӣ, пойтахти Либия аҷсоди 96 нафарро берун кашидаанд. Ҳавопаймои суқуткарда дар маҷмӯъ 104 сарнишин доштааст. Иллати сониҳа ҳанӯз рӯшан нест.
Ин ҳавопаймо ба ширкати “Африқия Эйрвейз” тааллуқ дошта, аз шаҳри Йоҳаннесбурги Африқои ҷанубӣ ба парвоз даромада буд ва баъд аз як таваққуфи кӯтоҳ дар фурудгоҳи Триполӣ бояд ба Лондон парвоз мекард.
Дастикам 60 тан аз мусофирони ин ҳавопаймо аз Ҳолланд ва як бахши дигараш аз Бритониё ва Африқои ҷанубӣ будаанд.
XS
SM
MD
LG