Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Латвия ба таъқиби Максим Боқиев шурӯъ кард


Пулиси Латвия имрӯз расман ба ҷустуҷӯи Максим Боқиев, писари раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев шурӯъ кард. Вазири умури дохилии Латвия Линда Мирниесе гуфт, таъқиби Максим Боқиев бар асоси дархости расмии ҳукумати муваққати Қирғизистон дар мавриди истирдоди ӯ, ки бовар меравад, дар Латвия ба сар мебарад, сурат мегирад.
Максим Боқиев, ки бо бонкдори латвонӣ Валерий Белокон равобити тиҷоратӣ дошт, аз сӯи Бишкек ба фасод, аз ҷумла дар мавриди ироаи қарордодҳои бо маводи сӯхт таъмин кардани пойгоҳи низомии Амрико дар Манас, муттаҳам мешавад.
XS
SM
MD
LG