Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Хуҷанд - Истаравшан низ пулакӣ мешавад


Ширкати Инновейтив Роуд Солюшнз, ки масъулияти ҷамъоварии маблағ дар роҳи Душанбе-Чаноқро бар дӯш дорад, тасмим гирифтааст, то қисмати дигареро аз ин роҳ дар минтақаи Хуҷанд то Истаравшанро низ пулакӣ кунад. Қарор аст, рӯзи 14-уми май маросими ифтитоҳи ду гузаргоҳи дигар дар ин масир баргузор шавад.

Ин дар ҳолест, ки Оҷонси зиддиинҳисории Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз ширкати мазкур хостори ҳисоботи молӣ дар бораи фаъолияташ шуда, ва ҳамчунин аз ҳукумат хостааст, то барои баррасии қазияи пешомада дар ин масири пулакӣ комиссияи вижае таъсис кунад ва то хулосаи ин комиссия дар ин масир маблағе ситонида нашавад.

Амонулло Ашӯр, раиси Оҷонси зиддимонополии Тоҷикистон, ширкати IRS-ро дар нақзи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳам карда буд ва боз ҳам мегӯяд, ширкати мазкур тибқи қонун ширкати мазкур дар бозори роҳи Тоҷикистон монополист ҳисоб мешавад, вале аз риояи қарордори консессионии имзокардааш бо давлат даст кашида, ба қонуншиканӣ роҳ додааст.

Акнун, мақомоти ин ниҳод мегӯянд, агар ширкат дар муддати таъиншуда тақозои Оҷонси зиддиинҳисориро иҷро накунанд, алайҳи он парванда боз хоҳанд кард.

IRS дар паноҳи кист?

Бархе аз коршиносон сарпечиҳои ин ширкат дар иҷрои қонунҳои Тоҷикистон бо вуҷуди тақозои Оҷонси зиддиинҳисориро ба путибонии мақомоти баландпояи давлатӣ аз ин ширкат робита медиҳанд. Шодӣ Шабдолов, намояндаи мардум дар порлумон, мегӯяд, шояд ба ҳамин далел буд, ки мавзӯъи пулакӣ кардани роҳи Душанбе-Чаноқ дар иҷлосияи паси дарҳои бастаи порлумони қаблӣ баргузор шуд ва қарордои консессионӣ миёни давлат ва ширкати мазкур ба ҳамин шева имзо шуда буд.

Ба гуфтаи бархе аз намояндагони мардум дар порлумон, ки мухолифи пулакӣ кардани роҳ буданд, ҳама раҳбарон медонанд, ки раҳбару муассиси ин ширкат кист. Вале ҳеҷ кас ҷуръат намекунад, то дар ин бора ҳарф бизанад.

Ба гуфтаи бархе аз намояндагони порлумон, ин ширкат инглисӣ набуда, балки муассисаи мутааллиқ ба шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Ширкатҳои мутааллиқ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшор, ба мисли ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё кам нест.

Дар натиҷаи аудити фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ду соли пеш, ки аз сӯи ширкати бритониёии Эрнст энд Янг баргузор шуд, дар бораи ин ширкатҳои мутааллиқ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшор, ки ба Талко ва ширкатҳои дигари тоҷикӣ рабт доштанд, иттилоъ вуҷуд дорад. Аз ин ширкатҳои тоҷикии минтақаи оффшор дар моҷарои додгоҳии давлати Тоҷикистон бо ширкати Ансол ва раиси он Аваз Назаров ёдоварӣ шудааст.

Ширкати IRS низ соли гузашта дар ҳамин минтақаи оффшор номнавис ва вориди Тоҷикистон шудааст.

Чаро дар Вирҷиния?

Баҳром Шарифов, коршиноси умури бонкӣ, дар робита ба имтиёзи номнависӣ дар Вирҷинияи Бритониё ва далели сабтином шудани IRS дар ин минтақа мегӯяд, ширкатҳое, ки дар ин минтақа сабтином мешаванд, аз додани андоз озоданд ва ба фаъолияти онҳо кам дахолат мешавад. Аз ин рӯ, бархе аз ин ширкатҳо аз чунин имтиёзҳо истифода карда, ҳатто ба корҳои ғайриқонунӣ даст мезананд. Бартарии дигар он аст, ки соҳиби ширкат метавонад дар минтақаи оффшор сар набарад ва тавассути интернет ё шахси боваринокаш ширкатро идора кунад.

Профессори иқтисод Ҳоҷимуҳаммад Умаров аз иқдоми Кумитаи зиддиинҳисорӣ пуштибонӣ мекунад ва мегӯяд, бо он ки ин ширкат дар оффшор сабтином шудааст, аз андозсупорӣ озод аст, бидуни баргузории тендер соҳиби ин роҳ шудааст, мусаллам аст, ки ба фасод дар мақомоти Тоҷикистон робита дорад.

Ширкати IRS дар бахши хидматрасонии роҳи пулакӣ ҳеҷ таҷриба ва собиқае надорад. Вале, ба гуфтаи Оҷонси зиддиинҳисорӣ, ин ширкат дар Тоҷикистон аз пардохти 17 навъи андоз озод аст, бо вуҷуд намехоҳад, ки нархи роҳро поин бубарад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, давлати Тоҷикистон бояд ҳамаи ширкатҳои дар оффшор ташкилшударо ғайриқонунӣ эълон кунад, чун ин як талаби иҷлоси сарони кишварҳои пешрафтаи олам дар соли гузашта буд.

Эътироз аз роҳи пулакӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00
XS
SM
MD
LG