Пайвандҳои дастрасӣ

Русия патент ва нақши ангуштонро ҳатмӣ кард


Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия имрӯз дар қироати ниҳоӣ тарҳи ҷадиди қонун дар бораи вазъи ҳуқуқии атбоъи хориҷӣ дар Русияро тасвиб кард. Тибқи ин қонун, муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои пасошӯравӣ мулзаманд, дар Русия барои кор патент гирифта, нақши ангуштони худро низ бисупоранд. Ҳамасола аз Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар худро ба бозори кори Русия мезананд. Соли гузашта шумори шаҳрвандони тоҷике, ки ба Русия ворид шудаанд, ҳудуди 900 000 нафар гуфта мешуд. Ба ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ, муҳоҷирони тоҷик солона маблағи муодили қариб нисфи маҷмӯъи даромади дохилии Тоҷикистонро ба ватан таҳвил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG