Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико нақшаи хуруҷи нирӯҳояш аз Ироқро тағйир намедиҳад


Вазорати дифоъи Амрико мегӯяд, хуруҷи нирӯҳои ин кишвар аз Ироқ тибқи ҷадвали замониаш идома дорад ва мавҷи нави хушунатҳо ва бурузи мушкилот дар амри ташкили давлати нави Ироқ кадом таъхире дар ин барнома ворид накардааст.
Сухангӯи Пентагон Ҷефф Моррелл гуфт, Амрико феълан дар Ироқ ҳудуди 94 000 сарбоз дорад, ки бар асоси тааҳҳуди раисиҷумҳур Барак Обама, бояд то моҳи сентябр то 50 000 нафар коҳиш дода шаванд. Ӯ афзуд, ки алакай то поёни моҳи май шумори нирӯҳои Амрико дар Ироқ то 3 000 сарбози дигар кам шуда, ба 91 000 нафар хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG