Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши ҷасади бомбгузоришуда дар Шӯълаи Ироқ


Бино ба гузоришҳо, имрӯз бар асари таркиши як ҷасади бомбгузоришуда дар шимолуғарби Бағдод 3 нафар кушта шуданд. Пулис мегӯяд, ин ҷасадро субҳи имрӯз дар наздикии як мағоза дар маҳаллаи Шӯъла гузоштаанд ва он замоне таркид, ки издиҳом дар атрофаш ҷамъ омад. Дар ин инфиҷор дастикам 23 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамлаи имрӯза дар ҳолест, ки рӯзи душанбеи ин ҳафта Ироқ бо беш аз 100 қурбонӣ дар як рӯз шоҳиди хунинтарин хушунатҳо дар соли ҷорӣ шуд.
XS
SM
MD
LG