Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълом кард, ки то рӯзи 9-уми май аз миёни 278 мавриди гирифторӣ ба бемории фалаҷи атфол 56 мавриди вуҷуди вируси навъи ваҳшии 1 дар беморон таъйид шудааст ва дар ин миён 5 нафар бемор набудаанд, ки бешак хабари хубе барои волидони ин атфол аст.

Ба гуфтаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, хуруҷи фалаҷи атфол аз миёни 68 воҳиди маъмурӣ дар миёни 30 воҳиди маъмурӣ мушоҳида шудааст. Аз миёни беморон, 93 фисади беморон кӯдакони то 6-сола ва қариб 60 дарсадашон писарон будаанд.

Дар ин миён тасмими Русия баҳсбарангез аст, ки аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостааст, то замони поёни маъракаи ваксинзанӣ, яъне то 6-уми июн кӯдакони худро ба Русия наёранд. Дар иртибот бо манъи вуруди кӯдакони тоҷик ба Русия сӯҳбате доштам бо Шона Барӣ, мутахассиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар шаҳри Женева ва нахуст аз хостам, то тавсияҳои ин созмон дар мавриди сафар ба кишвари сироятшуда аз бемории фалаҷро шарҳ диҳад?

Шона Барӣ: - Тавсияҳои мо дар мавриди сафар ба кишваре, ки бемории фалаҷ ба он сироят кардааст, ин аст, ҳар мусофир пеш аз сафар бояд ваксин зада шавад. Мусофир тамоми ваксинҳои лозимро бояд бигирад ва агар мушкилоти бахусусе аз бемории фалаҷ вуҷуд дошта бошад, бояд ҳар як мусофир пеш аз сафараш ваксини иловагӣ бар зидди бемориро бигирад, ки ин ваксина масунияти баданро тақвият мебахшад. Агар онҳо аз Тоҷикистон хориҷ мешаванд ва ё ба Тоҷикистон сафар мекунанд, тавсияҳои мо ҳамин аст, ки ба кишварҳои дигар ҳам дода мешавад.

Тоҳири Сафар: - Яъне, иҷрои тавсияҳо барои кишварҳо ҳатмӣ нест, ва ин худи кишварҳоянд ки тавсияҳоро қабул мекунанд ва ё на?

Шона Барӣ: - Бале, ба худи кишварҳо вобаста аст ва иҷрои тавсияҳои мо ҳатмӣ нест. Ин тавсияҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт аст, кишварҳои ҷаҳон бар асоси он сиёсати худро пеш мегиранд.

Тоҳири Сафар: - Аммо оё буданд дар гузашта мавориде, ки бар асари хуруҷи бемории фалаҷ, вуруди кӯдакони то 6-сола аз қаламрави кишвари сироятшуда ба кишвари дигар мамнӯъ шавад. Масалан, Русия эълом кард, ки то замони хотимаи ваксинзании кӯдакон дар Тоҷикистон вуруди кӯдакони то 6-солаи тоҷик ба он кишвар мамнӯъ аст?

Шона Барӣ: - Не. Аз он ҷо ки ман медонам, то кунун ҳеҷ кишваре ба ин шакл вокуниш нишон надодааст. Ман бори аввал аст, ки шоҳиди чунин таҷриба мешавам. Дигарбора мегӯям, ки тавсияҳои мо ваксинзани мусофирон алайҳи бемории фалаҷ аст, бахусус кӯдакону наврасони то 15-сола бояд ваксин зада шаванд. Фарқ надорад, ки Тоҷикистонро тарк мекунанд ва ё ба Тоҷикистон мераванд. Мо ҳеҷ гоҳ дар ин ҳолат тавсияҳои изофие намедиҳем, ки сафар ва ё тиҷорат маҳдуд карда шавад.

Тоҳири Сафар: - Аммо вазъи хуруҷи беморӣ дар Тоҷикистон ҳоло чӣ гуна аст? Дар ин маврид чӣ иттилоъи тозае зери даст доред?

Шона Барӣ:
- Иттилоъи тозае ки ман дорам, ин аст, ки 52 мавриди таъйишудаи бемории фалаҷи атфол сабт шудааст ва дар Тоҷикистон тақрибан 1 миллиону 100 ҳазор кӯдакро алайҳи ин беморӣ ваксин задаанд. Дар ин давра онҳо тақрибан ҳамаи кӯдакони то 6 соларо ваксзин заданд. Ин кор дар даври аввали маъракаи ваксинзанӣ анҷом шуд. Онҳо то чанд ҳафтаи дигар даври дуввуми ваксинзаниро шурӯъ мекунанд ва даври чаҳорум моҳи июн сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG