Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоевро дубора "пешвои миллат" эълон карданд


Маҷлиси поёнии парлумони Қазоқистон имрӯз қонунеро тасвиб кард, ки ба раиси ин ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев мақоми “Пешвои миллат” ва ҳаққи масуният аз ҳар навъ таъқибро эъто мекунад. Назарбоев бар асоси қонуни соли 2000 дар бораи мақоми раисиҷумҳури нахустини Қазоқистон алакай мақоми “пешвои миллат” ва ҳаққи масуният аз таъқиботро ба даст оварда буд. Назарбоев аз соли 1989, инак 21 сол боз ба ин кишвари саршор аз захоири табиии Осиёи Марказӣ раҳбарӣ мекунад. Давраи феълии раёсати ӯ дар соли 2012 ба поён мерасад, вале дар соли 2007 парлумон қарор кард, ки Назарбоев метавонад барои чанд даврае ки бихоҳад, барои мақоми президентӣ мубориза барад. Қарори имрӯзаи маҷлиси поёнии парлумон, ки бо иттифоқи оро тасвиб шуд, бояд акнун аз ҷониби маҷлиси болоӣ низ тасвиб шавад. Қазоқистон феълан раёсати давраии САҲА-ро низ бар ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG