Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико Толибони Покистонро созмони террористӣ шинохтанист


Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, мавзӯъи ба феҳрасти расмии “созмонҳои хориҷии террористӣ” шомил кардани Таҳрики Толибони Покистонро баррасӣ мекунад. Сухангӯи вазорат Филлип Кровлӣ гуфт, талоши нокоми бомбгузорӣ дар Таймс-Сквери Ню-Йорк дар таърихи 1 май ин равандро тезонд.
Мақомоти Амрико мегӯянд, нафари гумонбар дар ин қасди бомбгузорӣ зодаи Покистон Файсал Шаҳзод бо Таҳрики Толибони Покистон иртибот дошт. Вуруди исми гурӯҳҳо ба феҳрасти сиёҳи Амрико як силсила тадобири муҷозотӣ, аз ҷумла мунҷамид кардани суратҳисобҳои марбут ба он гурӯҳ, манъи ироаи раводиди сафар ва таъқиби фаъолиятҳои марбут ба таъмини молии гурӯҳи ба ин рӯйхат даромадаро дар пай дорад.
XS
SM
MD
LG